Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

“Вожашиносии забони форсии миёна” ба қалами доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон, забоншиноси маъруфи кишвар, равоншод Додихудо Саймиддинов (1949-2017) тааллуқ дошта, соли 2001 дар Душанбе  аз тарафи Пажӯҳишгоҳи  фарҳанги забони тоҷикӣ-форсӣ бо теъдоди 1000 нусха дар ҳаҷми 310 саҳифа нашр гарида, соли ҷорӣ ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид гардид.

Китоб барои мутолиа ва баҳрагирии донишҷӯёни факултетҳои забонҳои шарқ, филологияи тоҷик, муҳаққиқони забоншинос ва алоқамандони таърихи забони форсии тоҷикӣ тавсия мегардад.

Китоби “Ҷондоруи ҷон” маҷмӯаи даҳуми аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Кулолӣ мебошад. Дар ин китоб 132 ғазал ва 3 ғазалмаснавии дар татаббуи шайх Камол иншошудаи шоир гирдоварда шудааст. Муаллиф бо китоби нави худ на танхо бо ҳамзамонон, балки бо гузаштагони гавҳаршиноси нерӯманд баҳс  ороста, паҳлӯҳои тозаи маъниро кушода, хонандаро барои қавй гардондани ҷаҳони андеша таҳрик додааст. Дар тазминҳои Кулолӣ дар қатори маънихои ирфони зикри замон, дарду доғи замин, рафторхои ношоистаи Амрико нисбати давлатҳои Ироқ, Афғонистон, Миср, Фаластин, Сурия, норасоиҳои иҷтимоию иқтисодии мардум ба чашм мерасанд.

Китоб ба алоқамандони шеъри муосир дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 516 саҳифа бо теъдоди  300 нусха мунташир шудааст.

“Лайливу Маҷнун”-и Низомӣ

“Лайливу Маҷнун”-и Низомӣ

“Лайливу Маҷнун”-и Низомии Ганҷавӣ низ бо кӯшиши Ҳамидризо Маҷдободӣ соли 2014 дар нашриёти “Парвон”-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон мунташир шуда, соли 2016 ба Китобхонаи вилоятӣ аз мағозаи китобфурӯшии “Ганҷина” ворид гардида, дар шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир нигоҳдорӣ мешавад. 

“Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ

“Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ

Асарҳои безаволи Саъдии Шерозӣ– “Гулистон”-у “Бӯстон” дар як китоб бо кӯшиши Муҳаммадризо Маҷдободӣ соли 2013 дар нашриёти “Парвон” –и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон мунташир шуда, соли 2016 ба Китобхонаи вилоятӣ аз мағозаи китобфурӯшии “Ганҷина” ворид гардида, дар шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир нигоҳдорӣ мешавад. Ин ду асар  аз рӯйи нусхаи интиқодии Муҳаммадалии Фурӯғӣ омода шудааст.