ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО
Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ
Маҷмӯаи мақолаҳои низомиёну ҳизбиён ва муҳаққиқони тоҷик аст, ки дар партави сиёсати дурбинона ва инсонгароёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии хатари умумибашарӣ, яъне терроризму экстремизм ба қалам омадааст. Ин маҷмӯаро номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Саидов Саидумрон ҳамчун мураттиб таҳия кардааст. Китоб соли 2017 тавассути нашриёти “Ношир”‑и шаҳри Хуҷанд нашр шуда, моҳи январ аз тарафи мураттиб ба Китобхонаи вилоятӣ ҳадя гардидааст.
Хонандагон онро дар шуъбаи илмӣ-таълимӣ ва толори хониш дастрас карда метавонанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба мураттиб аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.