ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО
«Латоифу-л-амсол»
«Латоифу-л-амсол»-и Рашидуддини Ватвот аз ҷумлаи осори ар зишманди адабиёти мо мебошад. Муаллифи китоб зарбулмасалҳоеро, ки дар ҷаҳони онрӯзаи Машриқзамин истифодаи ом доштанд, фароҳам оварда, барои ҳар яки онхо шарҳу тавзеҳот навиштааст. Китоб ҷиҳати маърифати сарчашмаҳои зарбулмасалу маҷол аз манбаъҳои тирози аввал ба ҳисоб меравад ва бори нахуст аст, ки ба хонандагони тоҷик арза мегардад. Китоб барои адабиётшиносон ва ҳамаи алоқадмандони илму ҳикмат судманд мебошад.
Ин китобро, ки Анварова Маърифат ва Оқилов Оқилбой таҳия кардаанд, аз тарафи масъулини Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ба чоп тавсия шудааст. Дар нашри китоб докторони илмҳои филологӣ Умеда Ғаффорова, Фахриддин Насриддинов, номзадҳои илмҳои филологӣ Мухлиса Нуруллоева, Ҳикматшоҳ Ҳомидиён ҳамчун мушовири илмӣ, муҳаррири масъул ва муқарриз саҳм гузоштаанд.