Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Китоби “Ҳаракати тарҷума дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои VII-Х)” ба таҳқиқу баррасии ду марҳалаи муҳими ривоҷи ҳаракати тарҷума – тарҷумаи осори паҳлавӣ ба арабӣ дар садаҳои VIII-IX ва тарҷумаи осори арабӣ ба форсии дарӣ дар асри X бахшида шудаст. Ду марҳалаи мазкур дар эҳёи Аҷам ва рушди тамаддуни исломии халқҳои форсу тоҷик нақши муҳим ва созанда доштааст.  Муаллиф – адабиётшинос Ҳамробоев Насимҷон  дар асар талош бар он намудааст, ки  дар заминаи муайянсозии густариши мактаби тарҷума ва мақоми маъруфтарин мутарҷимон, таҷзияву танаввуи осори тарҷумашудаманзараи ҷомеи ташаккул ва таҳаввули харакати тарҷумаро аз оғоз то асри X ҳатталимкон  барои алоқамандони адабиёти Арабу Аҷам равшану барҷаста мунъакис созад.

Асари мазкур соли 2016 тавассути нашриёти Меъроҷи шаҳри Хуҷанд  дар ҳаҷми 304 саҳифа, бо теъдоди 350 нусха чоп шуда, барои муҳаққиқон, донишҷуён ва алоқамандони соҳаи адабиётшиносӣ  тавсия мегардад.