Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман!

Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман!

Китобест инъикосгари таърихи таъсисёбии рӯзномаи ноҳиявии “Вахш” ба қалам ва таҳияи рӯзноманигор Аъзам Мӯсоев, ки соли 2017 дар нашриёти “Бухоро”‑и Душанбе дар ҳаҷми 168 саҳифа ба чоп расидааст. Дар китоб хотираҳову ёднавиштаҳои собиқ рӯзноманигорони рӯзномаи “Вахш” (соли таъсисёбӣ 1932, ном “Сохтмони зарбдори Вахш”) гирдоварӣ шудааст. Китоби мазкур барои ҳаводорони таърихи рӯзноманигории тоҷик ҷузъи маъхазҳои хуб ба шумор омада метавонад. Ин китобро худи муаллиф‑мураттиб санаи 23‑юми январи соли ҷорӣ ба китобхона ҳадя кардаст. Он дар шуъбаҳои хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба муаллиф аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.