Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

“ЁДНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ”

“ЁДНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ”“ЁДНОМАИ УСТОД РӮДАКӢ” маҷмӯаи мақолот мебошад, ки он аз тарафи адабиётшиносон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев гирдоварӣ ва таҳия шуда, таҳти назар ва таҳрири профессор Абдунабӣ Сатторзода соли 2014 дар ҳаҷми 460 саҳифа дар нашриёти “Шаҳпар”-и шаҳри Душанбе нашр шудааст. Ин маҷмӯа аз мақолаҳои пажӯҳишгарони ватаниву хориҷӣ, ки ба муносибати конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таълиф гардидаанд, фароҳам омадааст. Дар баргузории конфронси мазкур ва чопи ин китоб Сафорати Ҷумҳурии халқии Чин дар Тоҷикистон, ҶСШК “Тоҷиксодиротбонк” ва Бемористони Ибни Сино саҳм гирифтаанд.

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.