Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Энсиклопедияи мухтасари тиб

Энсиклопедияи мухтасари тиб

Дар энсиклопедия мақолаҳо ба тартиби алифбо ҷойгир шудаанд. Номи мақола бо ҳуруфоти сиёҳи баланд дарҷ гаштааст. Дар мақолаҳои тарҷумаиҳолии ЭМТ насаб ҳамчун моддаи асосӣ бо ҳуруфоти сиёҳи баланд, аммо ном ва номи падар бо ҳуруфоти муқаррарӣ меоянд.

Масалан, ИСҲОҚИ Юсуф Баширхонович. Баъди онҳо дар қавсайн рӯз, моҳ ва соли таваллуд ё вафот дода мешавад. Ҷое, ки ба маҳалли таваллуд ё вафот ишорате нарафтааст, далолат бар он мекунад, ки чунин маълумот аз маъхазҳои мавҷуда пайдо нашудаанд.

Дар мақолаҳои доир ба ашхос пас аз насаб, ном, номи падар ва куния, дар қавсайн сана, маҳалли таваллуд ва фавт оварда мешавад:БАЙҲАҚӢ Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Зайд (1106, Сабзавор, музофоти Байҳақ - 1174, ҳамон ҷо).

Калимаҳое, ки пас аз моддаи асосӣ (номи мақола) бо яккаҳарфҳо (разрядка) омадаанд, синоним, муродиф ё таъбири дигари маъмули ҳамон ном ё ибораанд, ки бо ҳуруфоти дурушти сиёҳ чида шудаанд, масалан, ИСПАНД, ҳазориспанд, ВИРИЛИЗМ, мардандомӣ.

То он ҷое, ки имкон дошт, дар бораи этимология (пайдоиш)-и калимаҳое, ки дар таркиби моддаи асосӣ омадаанду аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ дохил гардидаанд, маълумоти мухтасар дода шуд. Ғайр аз ин, номи ба забони илмӣ маъмули растаниҳо, бемориҳо, доруҳо, илмҳо ва элементҳои химиявӣ дар баробари ҳуруфоти имрӯза ба ҳуруфоти лотинӣ низ навишта шудааст. Тасвирҳо асосан дар дохили худи мақола ҷой дода мешаванд.