Чорабиниҳои моҳ

  • 08.08.2024 - намоиши китобӣ

    «Энергетика соҳаи муҳими иқтисодӣ» (ба муносибати Рӯзи барқчиён))

    10.08.2024 - намоиши китобӣ

    «Варзиш – омили бардамӣ ва бақои умр» (ба муносибати Рӯзи варзишгарон)

    10.08.2024 - намоиши китобӣ

    «Пардадори сухан» (ба муносибати 95-солагии шоир ва драматург Бурҳон Фаррух)

  • 15.08.2024 - намоиши китобӣ

    «Ободии диёр ҳусни кишвар аст» (ба муносибати Рӯзи кормандони сохтмон ва бинокорон)

    18.08.2024 - МУаррифии китобҳо

    «Табибон роздони дардмандон» (ба муносибати зодрӯзи файласуф,табиб,табиатшинос ва адиби бузург Абӯалӣ ибни Синова Рӯзи касбии кормандони тиббӣ)

  • 18.08.2024 - Намоиши китобӣ

    «Ихтироъкорон – нерӯи тавоно ва созанда» (ба муносибати Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон)

    23.08.2024 - намоиши китобӣ

    «Ошиқи ҳақиқат» (ба муносибати 95-солагии нависанда Пӯлод Толис)

    28.08.2024 - намоиши китобӣ

    «Офарандаи мусиқи дилнишин» (ба муносибати 95-солагии оҳансоз, Ходими Хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон Шарофиддин Сайфиддинов)

  • 24.08.2024 - намоиши китобӣ»

    «Ошиқи ҳақиқат» (ба муносибати 95-солагии нависанда Пӯлод Толис)

    26.08.2024 - суҳбат

    «Инъикосгари ҳақиқати зиндагӣ» (ба муносибати 75-солагии Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Умарова)

  • 18.05.2024 - намоиши китобӣ

    «Осорхона ва ҷомеаи муосир» (ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо)

    23.05.2024 - маҳфили «Дӯстдорони китоб»

    «Шоири зебоипарасти рус» (ба муносибати 225-солагии бунёдгузори адабиёти рус Александр Сергеевич Пушкин)

    26.05.2024 - вохӯрӣ, намоиши китобию матбуотӣ

    «Ҷавонон–қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа»(ба муносибати Рӯзи ҷавонон)

  • 28.05.2024 - картотекаи мавзуӣ

    «Рушди илмҳои дақиқ –заминаи устувори навовариҳои ва пешрафти илму технологи» 

    31.05.2024 - суҳбат»

    «Парҳез аз заҳри тамоку» (ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамокукашӣ)

    31.05.2024 - суҳбат

    «Таомҳои миллӣ- муаррифгари бонувони тоҷик»(оид ба соҳаи пазандагӣ)

Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

АМРИ

 ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

1. Дар соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгорон, падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд...

Муфассал...

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд...

Муфассал

Аҷоиботи олами китоб

Аҷоиботи олами китоб

Дар Норвегия хонанда имкон дорад, ки китоби барои мутолиа гирифтаашро ба китобхонаи дилхоҳ баргардонад.

Хабарҳои охирин