Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

Хамса

«Хамса»-и Хоҷуи Кирмонӣ. Асарест, ки бори аввал дар Тоҷикистон нашр мешавад, дуюмин хамсаи ҷавобия бар хамсаи Низомӣ мебошад. Хамса аз маснавиҳои “Равзату-л-анвор”, “Камолнома”, “Гавҳарнома”, “Ҳумой ва Ҳумоюн”, “Гул ва Наврӯз” иборат аст. Матни онро муҳаққиқони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов, Оқилбой Оқилов, Шоира Олимова таҳия кардаанд. Пешгуфтори онро Баҳром Раҳматов навиштааст. Асар аз 880 саҳифа иборат буда, соли 2017 дар нашриёти Хуросон ба нашр расида, моҳи феврал ба Китобхона ворид шудааст. Онро аз шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш метавон дастрас ва мутолиа кард.

“Аз Рӯдакӣ то Аттор”

“Аз Рӯдакӣ то Аттор” Китоби таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад, ки ба қалами адабиётшиноси маъруф, шодравон Абдулманнон Насриддин тааллуқ дорад. Асари илмиро фарзанди муаллиф, доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов таҳия карда, ба он пешгуфтор навиштааст. Ин асар ҳамчун дастури таълимӣ барои устодону донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои олӣ ва миёна хизмат карда метавонад. Китоб соли 2017 дар нашриёти “Ношир” мунташир шуда, аз 398 саҳифа иборат аст. Ин китобро алоқамандон аз шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш пайдо карда метавонанд.

Нигористон

“Нигористон”  асари ахлоқии дар пайравии “Гулистон” таълифнамудаи Муинуддини Ҷувайнӣ мебошад, ки мунтахаби онро корманди МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Нуъмонҷон Неъматов бо истифода аз нусхаҳои хаттӣ таҳия карда, ба матни он тавзеҳ навишта, дар оғози он дар бораи муаллиф ва “Нигористон”-и ӯ маълумоти мухтасар додааст. Асари мунтахаб аз 300 саҳифа иборат буда, соли 2017 дар нашриёти “Ношир” ба нашр расида, бори нахуст ба хонандагони тоҷик пешкаш шудааст. Онро аз шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш дастрас кардани хонандагон имконпазир аст.

.”Меҳру моҳ”

”Меҳру моҳ”  Маснавии шоир Ҷамолии Деҳлавӣ мебошад, ки онро бо муқаддимаи муфассал доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ғаффорова бар асоси нусхаи ягона таҳия кардааст. Ин асар аз 580 саҳифа иборат буда, соли 2017 тавассути нашриёти “Ношир” аз нашр баромада, моҳи феврали соли 2018 ба китобхона ворид шуда, дар шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш нигоҳдорӣ мешавад.