Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

Найсони тавҳид

Найсони тавҳид
китоби шеъри шоир Ҷумъа Қувват аст, ки соли 2012 дар нашриёти “Шаҳпар”-и шаҳри Душанбе ба нашр расидааст. Ин китобро шоири ваҳдатсаро ба муносибати 15-солагии Ваҳдати миллӣ эҷод кардааст. Дар ин маҷмӯа дубайтӣ, ғазал ва шеърҳои озоди ба мавзӯи Ваҳдат бахшида фароҳам омадаанд. Намуна:

Пешвои миллат ва сиёсати забон

Пешвои миллат ва сиёсати забон
маҷмӯаи мақолаҳоест, ки он бо кӯшиши забоншинос, профессор Абдусаттор Абдуқодиров гирдоварӣ шуда, соли 2017 дар нашриёти “Ношир”‑и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 316 саҳифа мунташир шудааст.  Чунончи дар аннотатсияи маҷмӯа омадааст:
Дар ин китоб сухан аз ду падидаи иҷтимоӣ− арзи меҳр ва садоқати одамони касбу корашон гуногун ба Пешвои милат ва дастоварди нодири фарҳангӣ−ташаккули сиёсати давлатии забон дар Тоҷикистон меравад, ки бо шарофати он забони тоҷикӣ ба манзалати рукни ҷудоинопазири давлатдорӣ, муқаддасот ва ифтихори миллӣ расид.

ПРАКТИЧЕСКИЙ КУРС АНГЛИЙСКОГО ЯЗЫКА

ПРАКТИЧЕСКИЙ КУРС АНГЛИЙСКОГО ЯЗЫКА

ПРАКТИЧЕСКИЙ КУРС АНГЛИЙСКОГО ЯЗЫКА дастури таълимиест, ки дар се ҷилд нашр шудааст. Ҷилди аввали онро олимон В.Д. Аракин, Л.И. Селянина, К.П. Гинтовт, М.А Соколова, Г.А. Шабадаш, Н.И. Крилова, И.С. Тихонова, В.С. Денисова омода кардаанд. Китоб барои донишҷӯён ва умуман алоқамандони забони англисӣ тавсия шудааст.

 Ҷилдҳои якум, дуюм ва сеюми ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.

ТЕСТҲО АЗ МАТЕМАТИКА

ТЕСТҲО АЗ МАТЕМАТИКА

ТЕСТҲО АЗ МАТЕМАТИКА (Санҷишҳои тестӣ аз математика барои хонандагони синфҳои 5-11 ва дохилшавандагони мактабҳои олӣ)-ро устоди ин фанн Бобоев Қ.Б. таҳия кардааст. Китоб соли 2013 бо ҳаҷми 328 саҳифа дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи нашриёти Меъроҷ ба нашр расида, барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шудааст.

Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.