ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО
“Мактаби актёрии тоҷик”-и олими театршинос, мунаққиди соҳаи санъат равоншод Низом Нурҷонов (1923-2017) соли 2011 бо кӯмаки молии Дафтари Ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 496 саҳифа бо теъдоди 500 нусха мунташир шудааст.
Мардуми тоҷик аз қадим н исбат ба ҳунари актёрӣ –бозигарӣ рағбати хоса зоҳир намуда меояд. Ин санъат дар шаклҳои гуногуни театр и суннатии бостонӣ тавлид ёфта, қувват гирифт ва анъанаҳои зиёдеро ба майдон овард. Баъд и аз худ намудани услуби ҳунари бозигарӣ дар театри аврупоиасос ин анъанаҳо дучанд ғанитар, дурахшонтар ифода ёфта, мактаби актёрии тоҷикро ташаккул доданд Равияҳои гуногуни ин мактаб тавлид ёфтанд, дар ҳар равия актёрҳои бузург пайдо шуданд. Устодон н а танҳ о санъати театрӣ , балки синаморо пеш бурданд, обрӯю эътибори фарҳ анги миллиро боло бардоштанд.
Китоби мазкур дар хусуси чӣ тавр ба вуҷуд омадан ва рушду нумуъ кардани мак таби актёрии тоҷик ҳикоят мекунад.