ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО
“Вожашиносии забони форсии миёна” ба қалами доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон, забоншиноси маъруфи кишвар, равоншод Додихудо Саймиддинов (1949-2017) тааллуқ дошта, соли 2001 дар Душанбе аз тарафи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги забони тоҷикӣ-форсӣ бо теъдоди 1000 нусха дар ҳаҷми 310 саҳифа нашр гарида, соли ҷорӣ ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид гардид.
Китоб барои мутолиа ва баҳрагирии донишҷӯёни факултетҳои забонҳои шарқ, филологияи тоҷик, муҳаққиқони забоншинос ва алоқамандони таърихи забони форсии тоҷикӣ тавсия мегардад.