Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми шахсиятҳои таърихӣ басо хуб гуфтаанд:

- Дар интиҳои асри XX, ки Тоҷикистони азизи мо баъди ҳазор сол соҳиби истиқлолият гардид, донистани таъриху фарҳанг ва корномаи шахсиятҳои маъруфи гузаштаву имрӯза барои ҷомиаи мо чун обу ҳаво зарур аст.

Танҳо дар мисоли кору пайкори фарзандони фарзонаи миллат мо метавонем ҳисси ифтихори миллии мардумро баланд бардорем. Фақат худшиносӣ ва рӯҳи солими миллӣ мардумро аз харобии маънавиёт нигоҳ дошта метавонад.

Оре, пос доштани хотираи гузаштагон ва гиромидошти онҳо қарзу вазифаи фарзандии мост. Муҳим он аст, ки дар бобати худшиносиву миллатдӯстӣ ва ваҳдат мо аз таърих сабақи зарурӣ гирифта тавонем. Дарвоқеъ дастоварди бузургтарине, ки мо баъди соҳибихтиёр шуданамон ба он ноил гардидем, болоравии беназири ифтихор ва худшиносии миллӣ мебошад, ки бе ин омилҳо ҳеҷ миллат ва ҳеҷ халқ соҳиби обрӯву эҳтиром шуда наметавонад. Халқи тоҷик ба қадри фарзандони бузурги худ мисли Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода, Турсун Ӯлҷабоеву Абдулаҳад Қаҳҳоров, Султон Умарову Муҳаммад Осимӣ, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеву Абдуғафур Самадов мерасад.