Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Вақте амр қонунро иваз мекунад...

Вақте амр қонунро иваз мекунад...
Маҷмӯаи мақолаҳо ва мусоҳибаҳои матбуотии номзади илми таърих, ходими давлатӣ, депутати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (1990‑1995), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм (2000‑2005), генерал-майор Ҳабибов Абдулло аст, ки соли 2009 дар нашриёти “Ватанпарвар”, шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 160 саҳифа бо кӯшиши рӯзноманигор Ислом Юсуфӣ ва пешгуфтори Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун  нашр шудааст. Мусоҳибаҳо аз мавқеи иҷтимоӣ ва саҳму талошҳои як низомии вафодор ба Ватан ва содиқ ба савганди ҳарбӣ ҳикоят карда, баъзе паҳлӯҳои ҳанӯз норавшани ҳодисаҳои таърихии марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ, мақоми Артиши миллии Тоҷикистонро дар даврони таъсисёбӣ ва қувватгирӣ муайян месозад.

Китобро моҳи ноябр худи муаллиф ба Китобхонаи вилоятӣ ҳадя кардааст. Он дар толори хониш ва шуъбаи хизматрасонӣ нигоҳдорӣ ва ба истифода дода мешавад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба муаллиф аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.