Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

“Кишвари хуршед” (Ватаннома)

.“Кишвари хуршед” ё “Ватаннома”
Маҷмӯаи шеърҳои дар васфи Ватан сурудаи шоири маҳбубу маъруф Толиб Карими Озарахш аст, ки соли 2017 тавассути нашриёти “Анис” ба зевари табъ ороста гаштааст.

Намуна:

Ватан! Афсонапардозе туро афсона мехонад,
Ҳақиқатномаосоре ҳақиқатхона мехонад.
Яке дар кӯҳсори шодмонат қаср мебинад,
Яке кошонаи ғам дар бағал кошона мехонад.
Туро дар сарнавишти хеш меболанду меноланд,
Яке обод месозад, яке вайрона мехонад.
Якеро дар ғарибӣ як кафи хоки ту ҷондоруст,
Яке дар доманат ҳангомаи бегона мехонад.

Туро марди раҳе манзил ба манзил мекунад дунё,
Ҳаваспаймонае як гардиши паймона мехонад.
Ҳабибе месарояд шоҳбайти шоҳроҳатро.
Хабисе, гургчашме ҳасрати гургона мехонад.
Маҳалбозе зи кӯрии назар садпораат хоҳад,
Ҷаҳонсозе ба ҳастӣ гавҳари якдона мехонад.
Ту, аммо бо ҳама як модар аст, як Ватан аст астӣ,
Ки ҳар чи ояд аз фарзандҳо, шукрона мехонад...

“Ватаннома” моҳи декабр аз тарафи муаллиф ба Китобхонаи вилоятӣ ҳадя шуда, фақат дар толори хониш нигоҳдорӣ мешавад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба муаллиф аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.