ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО
Гулҷӯшаҳо
Маҷмӯа шомили фаслҳое аз гулчини шеъри Доро Наҷот, таҳқиқу арзёбиҳо перомуни шеъри ӯ, матолиби таҳқиқии шоир аз шеъри нав, ҳамчунин тарҷумаҳои ӯ аз осори шоирони кишварҳои дигар ва тақризҳои роҷеъ ба таълифоти илмиву таърихӣ ва фарҳангнигории ӯст. Китоб бо пешгуфтори раиси ИН Тоҷикистон Низом Қосим – “Мазраъи мо саҳфаи ашъори мост” аз чоп баромада, аз чунин қисмҳо иборат аст: “Гесӯвони чилбофти шеър”(ашъори муаллиф), “Чамани андеша”(андешаҳои перомуни шеъри Доро Наҷот), “Атри таронаҳо”(ашъори шоирон дар васфи Доро Наҷот), “Мизони арзёбӣ” (баҳодиҳӣ ба навиштаҳои илмии Доро Наҷот), “Насими шеър аз фаросӯҳо” (тарҷумаи Доро Наҷот аз ашъори шоирони рус, беларус ва ӯзбак), “После долгого хождения по тропам”(Тарҷумаи В.Шлёнский аз се шеъри Доро Наҷот). Ин китоб соли 2016 дар матбааии ҶДММ “Сифат-офсет”-и шаҳри Душанбе бо маблағгузории фарзандони шоир– Парвиз ва Фаромарз ба чоп расидааст.