Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

“Барака Бобоева”

“Барака Бобоева” асари тарҷумаиҳолӣ аз Силсилаи “Ҳаёти одамони наҷиб” ба қалами муаррих Усмонҷон Ғаффоров таълиф шудааст, ки он ба зиндагиномаи яке аз бонувони машҳури соҳаи саноати сабуки ҷумҳурӣ, ходими намоёни ҷамъиятӣ Барака Бобоева (1917-1994) ихтисос ёфтааст. Асар соли 2017 дар нашриёти “Шарқи Озод”-и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 256 саҳифа (бо аксҳо) нашр шуда, аз тарафи муаллиф санаи 16-уми феврал ба Китобхона ҳадя шудааст.