Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Нахлистони тавҳид

Нахлистони тавҳид
маҷмӯаи ашъор ва навиштаҳои публисистии шоиру рӯзноманигор Ҷумъа Қувват аст, ки соли 2017 бо дастгирии Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо ҳаҷми 119 саҳифа дар шаҳри Душанбе ба нашр расидааст.  Манзумаи “Низоми мулкдорӣ”, ки аз муҳимтарин бахши шеърии китоб мебошад, мавзӯан идомаи мантиқии достони “Абармарди набарди Ваҳдат”  аст. Ин китоб бо иштироки аҳли адаб ва худи шоир дар Китобхонаи вилоятӣ санаи 23-юми январ муаррифӣ ва аз тарафи муаллиф ба хонандагон ҳадя шуд. 
Он дар шуъбаи толори хониш ва дигар шуъбаҳои хизматрасонӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба муаллиф аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.