Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

“Лашкари аморати Бухоро: ҳолат, идора ва анъанаҳо”

“Лашкари аморати Бухоро: ҳолат, идора ва анъанаҳо”  рисолаи таҳқиқии Султонзода Беҳзод Султонӣ мебошад, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи лашкари аморати Бухоро бахшида шудааст. Рисолаи илмӣ аз муқаддима, се боб ва ҳафт фасл иборат аст. Муаллиф дар ҳар бобу фасл оид ба масъала ва мавзӯи мавриди таҳқиқ дар асоси маводи бойгониҳои ҳарбии Россияи подшоҳӣ, бойгонии генерал-губернатории Туркистон ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ бо далелҳои қотеъ сухан гуфтааст. Рисола соли 2017 дар нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 232 саҳифа мунташир шуда, оғози соли 2018 ба китобхона ворид шудааст.