ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО
Моҳмомо
Маҷмӯаи нави нависанда ва тарҷумони шинохта Анвар Мирзоҳакими Олим ду қисса – "Моҳмомо", "Балогардон", чанд ҳикоя ва тарҷумаҳо - "Ширинҷон"-и А.П.Чехов, охирсухани пурмухтавои Л.Н.Толстой ба хамин хикоя ва драмма-намоишномаи нависандаи амрикоӣ Винна Делмар (Алвина Кротер) "Ҷойро барои фардо деҳ"-ро дарбар гирифтааст. Нависанда дар қиссаҳо парда аз болои чеҳраи воқеии инсони замони мо, ки дар заминаи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва душвориҳои иқтисодӣ гоҳо иҷборан чанд ниқоб ба руй мекашад, баргирад ва печидагиҳои шахсияти ӯро пеши чашми хонанда боз кунад. “Моҳмомо” соли 2016 дар матбааи “Тоҷпринт”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳаҷми 288 саҳифа мунташир шудааст.
Тарҷумаҳои Анвар Мирзоҳакими Олим дар китобҳои “Калиди сеҳрнок” (ҳикояҳои нависандаи литвонӣ Андрей Скайлис, 1984), “Андешаҳо дар танҳоӣ” (навиштаҳои адиби рус В.М.Шукшин, 2014) гирдоварӣ шудаанд. Маҷмӯаи ҳикояҳояш “Вақти гули зардолу”(1994), “Бачаи лалмӣ” (2015), “Моҳмомо”(2016) дастраси хонандагон гаштааст.