Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Баҳисобгирии амалиёт дар бонкҳои тиҷоратӣ

Баҳисогирии амалиёт дар бонкҳои тиҷоратӣ

Иқтисодиёти ин ё он мамоликро бе бонку низоми бонкӣ тасаввур кардан номумкин аст ва низоми бокдории кишвар дар ташкили идораи иқтисодиёти давлатдорӣ нақши назаррас дорад.

Дар ин низом мутахасиссонии самтҳои гуногун аз қабилӣ: иқтисодчӣ, иқтисодчӣ оиди қарздиҳӣ, оиди маблағгузорӣ, инженер дар самти сохтумон, муҳосибон, хазинадорон, мутахассис дар соҳаи металлҳо ва сангҳои қимматнок ва ғайраҳо кор ва фаъолият менамоянд.

Бешубҳа ҳар яки онҳо: «иқтисодчӣ», «молиячӣ», «инженер» дар соҳаи худ дониши мукаммали назариявию амалӣ доранд. Лекин донистани баҳисобгирии амалиёти бонкӣ аз роҳбарият то мизоҷон ҳатмист.

Махсусан дар муносибатҳои молиявӣ бе ҳисобдорию ҳисобгирӣ раванди ин ё он амалиёт номумкин аст. Ҳамчунин, баҳисобгирӣ дар бонк нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ба кулли фарқ карда, нақшаи ҳисобҳои муҳосибавӣ ва ҳуҷҷатгузориҳои ташкилотҳои қарзӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил ва тасдиқ карда мешаванд.

Аз ин рӯ, дар дастури таълимии ба Шумо пешниҳод гардида масъалаҳои назариявию амалии амалиёти бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибавии онҳо дар соҳаи бонкдорӣ шарҳ дода шудааст.

   То ба имрӯз, ба таври кофӣ, дастрас нагардидани мавод дар бораи «Фаъолияти бонкӣ» бо забони модарӣ ва ба миён омадани талаботу стандартҳои байналхалқии ҳисобот моро водор сохт ба қадри имкон (то қобилият доштем) ҷабҳаҳои баҳисобгирии амалиёти бонкҳои тиҷоратиро пешкаши донишҷӯёну мутахасисони соҳаи бонкдорӣ, мизоҷони бонкҳо, соҳибкорону ашхсони алоҳида намоем.