“От Кабула до Тегерана”
“От Кабула до Тегерана” (записки военного дипломата) дафтари ёддоштҳои дипломати ҳарбӣ Ҷамолиддин Б. Одинаев мебошад, ки баробар бо китоби “Дети Бобуччака” ба чоп расидааст. Муаллиф хотироти худро зимни хизмати тарҷумонӣ дар Кобул ва фаъолияти дипломатӣ дар Теҳрон рӯйи коғаз оварда, онро ба сурати китоб нашр додааст.
Китобро муаллиф ба китобхона моҳи январи соли 2018 ҳадя кардааст.
«Дети Бобуччака» (жители Хишевата)
навиштаи повестгунаест ба забони русӣ, ки ба қалами Ҷамолиддин Б. Одинаев ва И. Одинаева тааллуқ дорад. Асар дар бораи ҳаёти кӯдакии худи муаллифон, ки дар нимаи дуюми садаи ХХ дар деҳаҳои Бобучак ва Хишекати ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) сипарӣ шудааст, ба хонандагон маълумот медиҳад. Инчунин дар он расму анъанаҳои халқии роиҷ дар нимаи дуюми асри ХХ, анвои таомҳои миллӣ, пешаву касбҳои мардуми кӯҳистон, ҳодисаҳои аҷиби зиндагии кӯдакон инъикос ёфтааст. Асар соли 2014 дар Теҳрон нашр шуда, ҳамагӣ аз 187 саҳифа иборат аст.
Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургонаш
Чунончи аз номаш пайдост, маҷмӯаи гуфторҳои аҳли илму адаб мебошад дар бораи шаҳри бостонии Хуҷанд ва номоварони ин шаҳр. Ин маҷмӯаро нависандаи маъруф Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабиев) гирдоварӣ кардааст. Китобча соли 2017 дар ҳаҷми 40 саҳифа дар нашриёти “Набӣ Фахрӣ”‑и шаҳри Конибодом нашр шуда, моҳи декабри соли ҷорӣ ба Китобхонаи вилоятӣ ҳамчун ҳадя ворид шудааст. Онро аз шуъбаҳои хизматрасонӣ пайдо кардан мумкин аст.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба муаллиф ва дастандаркорони чоп аз номи китобдорон ва истифодабарандагон миннатдорӣ баён мекунад.
Ҳунарманде, ки сурурбахши дилҳо буд
Китоби хотираҳост, ки онро Баротбой Ҷумъаев таҳия ва таълиф кардааст. Ин рисола ба ҳаёту фаъолияти ибратбахши дойрадаст, карнайнавози варзида яке аз поягузорони театри мардумии шаҳри Истаравшан таъсисдиҳандаи аввалин синфи карнай ва дойра дар назди Мактаби санъати бачагонаи шаҳр, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди санъат Акбар Файзиев бахшида шуда, соли 2017 тавассути нашриёти “Ӯротеппа”‑и шаҳри Истаравшан дар ҳаҷми 42 саҳифа ба чоп расидааст. Рисола моҳи январи соли ҷорӣ ба Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, дар шуъбаи санъат нигоҳдорӣ мешавад.