Дар шоҳроҳи Истиқлол
Маҷмӯаи мақолаҳо ва суҳбатҳои таърихшинос, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муовини аввали Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон, шодравон Абдуҷалил Бобокалонов аст, ки ба мавзӯи Ваҳдати миллӣ ихтисос дода шудаанд. Китоб бо маблағгузории собиқ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 64 саҳифа соли 2017 чоп шудааст. Муаллиф номи китобро аз сухани зерини Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гирифтааст: “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерӯи тоза ва тақвият мебахшанд”.
Ду боли як иқбол

Нахлистони тавҳид
маҷмӯаи ашъор ва навиштаҳои публисистии шоиру рӯзноманигор Ҷумъа Қувват аст, ки соли 2017 бо дастгирии Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо ҳаҷми 119 саҳифа дар шаҳри Душанбе ба нашр расидааст. Манзумаи “Низоми мулкдорӣ”, ки аз муҳимтарин бахши шеърии китоб мебошад, мавзӯан идомаи мантиқии достони “Абармарди набарди Ваҳдат” аст. Ин китоб бо иштироки аҳли адаб ва худи шоир дар Китобхонаи вилоятӣ санаи 23-юми январ муаррифӣ ва аз тарафи муаллиф ба хонандагон ҳадя шуд. Он дар шуъбаи толори хониш ва дигар шуъбаҳои хизматрасонӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Абармарди набарди Ваҳдат
достони манзуми шоир Ҷумъа Қувват дар бораи қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 2016 тавассути нашриёти “Бухоро”-и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 80 саҳифа мунташир шудааст. Достон аз “Сароғоз”, қисмҳои “Фарёд! Эй фарёдрас!”, “Роҳи наҷот”, “Сулҳи Хосдеҳ”, “Ҳуҷҷати Ваҳдат”, “Пешвои тоҷики рӯйи ҷаҳон”, “Чоряк асру раҳи садсолаҳо” ва “Анҷом” иборат аст.