“ДУРРИ ҶАҲОНТОБ”
“ДУРРИ ҶАҲОНТОБ” дар таҳияи санъатшинос Аскаралӣ Раҷабов ва соли 2015 тавассути нашриёти “Бухоро”-и шаҳри Душанбе бо ҳаҷми 224 саҳифа мунташир шудааст. Дар ин китоб мақолоти олимону шуарои шинохтаи ҷумҳурӣ перомуни ҳаёт ва фаъолияти сарояндаи вологуҳар Ҷӯрабек Муродов гирд оварда шудаанд.Ин китоб аз тадқиқоти дастҷамъии солҳои охир доир ба саҳми ин чеҳраи тобноки мусиқии ҳирфаии тоҷик аст.
Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.
“ТОҶИКОН, 2500 СОЛ...“
“ТОҶИКОН, 2500 СОЛ...“-и адабиётшинос шодравон Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ аст, ки соли 2005 дар нашриёти “Адиб” бо ҳаҷми 98 саҳифа чоп гаштааст. Ин асар баҳсу андешаҳои ҷолиби муаллифро дар бораи таърих, фарҳанг ва забони мардуми тоҷик дар бар мегирад, ки дар асоси маводи зиёди илмӣ таҳия шудаанд.
Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.
“МУНТАХАБИ АШЪОР”
“МУНТАХАБИ АШЪОР”-и Ҳаким Саноӣ дар таҳияи файласуф Кароматулло Олимов соли 2011 тавассути нашриёти “Адиб” бо ҳаҷми 480 саҳифа нашр шудааст. Ин ҷилд мунтахабе аз маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа», қасоид ва ғазалиёти Ҳаким Саноии Ғазнавиро дар бар мегирад.
Ин китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.
“МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”
“МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”-и Мавлоно Ҷалолуддин Мухаммади Балхӣ аз силсилаи “Ахтарони адаб” дар таҳияи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддин Ализода ва Мубашшир Акбарзод дар се китоби алоҳида омода шудааст, ки китоби якум дафтари аввал ва дувуми онро дар бар гирифта, соли 2013 бо ҳаҷми 480 саҳифа тавассути нашриёти “Адиб” дастраси хонандагон гардидааст.
“Маснавии маънавӣ” дар се китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.