Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

Абдулҳусайни Зарринкӯб – адабиётшинос ва мунаққид

Абдулҳусайни Зарринкӯб – адабиётшинос ва мунаққид  Ин китобро ҳамчун мавзӯи рисолаи номзадӣ аспирант Ирода Игамова зери назари роҳбари илмӣ, адабиётшинос Саидумрон Саидов соли 2017 тавассути нашриёти “Ношир” дар ҳаҷми 172 саҳифа пеш аз дифоъ ба нашр расонидааст. Китоб моҳи март ба Китобхона ворид гардида, дар шуъбаи толори хониш нигоҳдорӣ мешавад. Рисола ҳамчун сарчашмаи илмӣ дар таълифи китобҳои илмӣ, таҳияи дастурҳо ва раҳнамои таълимӣ, навиштани корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм барои донишҷӯён, магистрантон ва муҳаққиқони соҳаи адабиёт, таърих ба кор меояд.

Хамса

«Хамса»-и Хоҷуи Кирмонӣ. Асарест, ки бори аввал дар Тоҷикистон нашр мешавад, дуюмин хамсаи ҷавобия бар хамсаи Низомӣ мебошад. Хамса аз маснавиҳои “Равзату-л-анвор”, “Камолнома”, “Гавҳарнома”, “Ҳумой ва Ҳумоюн”, “Гул ва Наврӯз” иборат аст. Матни онро муҳаққиқони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов, Оқилбой Оқилов, Шоира Олимова таҳия кардаанд. Пешгуфтори онро Баҳром Раҳматов навиштааст. Асар аз 880 саҳифа иборат буда, соли 2017 дар нашриёти Хуросон ба нашр расида, моҳи феврал ба Китобхона ворид шудааст. Онро аз шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш метавон дастрас ва мутолиа кард.

“Аз Рӯдакӣ то Аттор”

“Аз Рӯдакӣ то Аттор” Китоби таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад, ки ба қалами адабиётшиноси маъруф, шодравон Абдулманнон Насриддин тааллуқ дорад. Асари илмиро фарзанди муаллиф, доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов таҳия карда, ба он пешгуфтор навиштааст. Ин асар ҳамчун дастури таълимӣ барои устодону донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои олӣ ва миёна хизмат карда метавонад. Китоб соли 2017 дар нашриёти “Ношир” мунташир шуда, аз 398 саҳифа иборат аст. Ин китобро алоқамандон аз шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш пайдо карда метавонанд.

Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (№2)

Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (№2).  Китоб ба кӯшиши Мансурҷон Бойматов ва Икромҷон Турсунов мураттаб шудааст, аз 196 саҳифа иборат мебошад. Ин китоб соли 2016 дар нашриёти “Ношир” ба чоп расида, моҳи феврал ба Китобхона ворид шуда, дар шуъбаи толори хониш барои мутолиаи хонандагон нигоҳдорӣ мешавад.