11.03.2024 // МАТБУОТ - ИНЪИКОСГАРИ ВОҚЕИЯТИ ЗИНДАГӢ
Таърихи матбуоти тоҷик нахуст аз рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф», ки рӯзи 11-уми марти соли 1912 дар шаҳраки Когон, бо ибтикори равшанфикрони тоҷик нашр гардид ва ба дасти хонанда расид, оғоз мегардад.
Матбуот дар ҳама давру замон инъикосгари ҳаёти ҷомеа ва раванди воқеаву рӯйдодҳои зиндагист.
Инак тӯли як аср аст матбуот дар хидмати мардум асту хоҳад буд. Шукри даврони истиқлолияти кишвар, ки имрӯз фазои матбуот барои рӯзноманигорон озод аст ва даҳҳо маҷаллаву рӯзномаҳо ба нашр мерасанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ботантана ҷашн гирифта мешавад. Воқеан ҳам, матбуот қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, оммаро бо тозатарин навгониҳои ҷумҳуриву олам шинос гардонда, дар самти меҳнатдӯстӣ, завқи бадеиву зебоифаҳмии мардум нақши созгор мегузорад.
Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Масъулини шуъбаи матбуоти даврӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик санаи 11-уми марти соли равон дар шуъба намоиши кушоди китобию матбуотӣ таҳти унвони «Матбуот- инъикосгари воқеияти зиндагӣ» ташкил намуда, мақолаҳои дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба ин муносибат нашр гардидаро барои истифодаи хонандагон пешкаш гардониданд.
Китобдори шуъба Ибодуллоева Раъно дар бораи мазмуну мундариҷаи маҷаллаҳои тозавориди «Бонувони Тоҷикистон», «Илм ва ҳаёт», «Маърифати омӯзгор», «Паёми Суғд», «Садои шарқ» ва дигар рӯзномаҳо ба донишҷӯён иттилоъ дод.
Шуъбаи ташкилуназорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили истисос