СЕМИНАР-МАШВАРАТИ КИТОБДОРОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД: «ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНАҲО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ БОСИФАТИ КИТОБИЮ ИТТИЛООТӢ»
«Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбиниро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, дар сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи китобу китобдорӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, раҳнамоиву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти афзалиятноки тамаддуни миллӣ пайваста эҳсос мегардад.
Муҳаққиқон, китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, ки баробар ба фаъолияти доимӣ, масъулияти дастурдеҳиро нисбат ба 362 китобхонаи низоми фарҳанги вилояти Суғд бар дӯш доранд, барои ба талаби замон мувофиқ кардани хизматрасонӣ ва ҷиҳати беҳтару самарабахштар ба роҳ мондани хизматрасониҳои китобхонаҳои вилоят саҳми бориз гузошта истодаанд.
Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарорҳои ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги мамлакат (13.04.2024), ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд (17.01.2024) ва бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбиии китобдорон, вусъат бахшидани фаъолияти кории китобхонаҳои марказӣ ва китобхона-филиалҳои шаҳру навоҳӣ санаи 26 -уми апрели соли 2024 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ даври аввали семинар - машварати китобдорони китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят таҳти унвони «Дурнамои фаъолияти китобхонаҳо ва хизматрасонии босифати китобию иттилоотӣ» баргузор гардид.
Дар семинар директорони китобхонаҳои марказии шаҳру навоҳии вилоят, мутасаддиёни китобхона-филиалҳо, сардорони шуъбаҳои пурракунӣ, маълумотдиҳӣ-библиографӣ, мубодилавӣ-захиравӣ ва методистон иштирок доштанд.
Семинар-машварат бо баҳрабардорӣ аз намоиши бошукуҳи соҳавӣ бо номи «Таҷдиди низоми фаъолияти китобхонаҳо–омили рушди маънавиёт» оғоз шуд. Сипас, намоишҳои слайдии фарогири дастуру маводи соҳаи китобдорӣ ва ҳуҷҷату раҳнамоҳо манзури ҳозирин гардонида шуданд.
Семинарро директори китобхона Мирсаидов Баҳром оғоз бахшида, нуктаҳои асосии Паём (27.12.2023) ва мулоқоти Пешвои миллатро бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9.03.2024) ҳамаҷиҳата таҳлил намуд. Мавсуф масоили меҳварии сиёсати фарҳанги Роҳбарияти Олии мамлакат ва ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳуриро барои тавсеаи фарҳанги миллӣ, пешбурди худшиносиву худогоҳӣ, эҳёву арҷгузории мероси ниёгон маънидод намуда, аз китобдорон даъват ба амал овард, ки барои татбиқи тадбирҳои маърифатомӯзонаи Пешвои миллат хидмат намуда, ҷиҳати пешгирии хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва таъйини зарари ҷонсӯзи терроризму экстремизм беш аз ҳарвақта фаъол бошанд. Бо баргузории чорабиниҳои гуногун хонандагони сершуморро ба китобхонаҳо ҷалб намуда, хизматрасонии босифати китобию матбуотиро равнақ диҳанд.
Б.Мирсаидов бурду бохт, пешравию мушкилоти соҳаро таҳлил намуда, иброз дошт, ки китобдорон бояд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти кории худро комилан риоя намоянд.
Сардори шуъбаи илмӣ-методии китобхона Нурматова Умедаҷон дар мавзуи «Вазъи фаъолияти китобхонаҳои вилояти Суғд дар соли 2023 ва муаммоҳои соҳа» маърузаи таҳлилиро њамроњ бо намоиши слайдӣ ироа ва манзур намуд. Номбурда дар гузориши худ перомуни норасоиву камбудиҳои дар ҳисоботи шаҳру навоҳӣ ҷойдошта маълумот дода, доир ба бартараф намудани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ пешниҳодҳо намуд. Таъкид дошт, ки дар баъзе китобхона-филиалҳо феҳрастҳои китобхонавӣ мувофиқи меъёрҳои соҳа фаъол набуда, ба китобҳо муҳри ягона гузошта нашуда, солҳост, ки бозшуморӣ ва азнавбақайдгирии махзани китобхонаҳо ташкил нагардидаанд.
Баъдан сардори шуъбаи иттилоот ва табъу нашр Ҳамробоева Мавзунахон дар заминаи мавзуи «Шарҳи дастуруламали вазифавии кормандон» оид ба дастуруламали вазифавии кормандон, тақсимоти дурусти меҳнат ва таъйини фаъолияти китобдорон андешаронӣ намуд. Намунаи дастуруламалҳои вазифавӣ ва мундариҷаи онҳо ба тариқи слайд манзури аҳли нишаст карда шуд.
Муовини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира дар мавзуи «Меъёрҳои марбут ба соҳа ва асноди ҳатмии китобхонавӣ» баромад намуда, перомуни ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи қабули китоб, санадҳои ҳатмии соҳа ва тарзи дурусти истифодаи асноди соҳаи китобдорӣ тариқи слайд маълумоти муфассал дод.
Номбурда таъкид дошт, ки бояд нуқтаҳои китобдиҳии китобхона ва китобхона-филиалҳо бо дигар муассисаҳо зиёд гардида, теъдоди китобхонаҳои сайёр низ ба маротиб афзун карда шавад.
Устоди факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», собиқадори соҳаи китобдорӣ Нодирҷон Солиҷонов зимни суханронии хеш ташкили семинари мазкурро иқдоми арзанда хонда, иброз намуд, ки он барои баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти китобдорон як падидаи хуб аст. Ҳамчунин, мавсуф аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шуда таъкид намуд, ки китобдорон бояд ҳамеша таблиғгари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат бошанд.
Сардори шуъбаи ташкилу назорати фаъолияти китобдорӣ ва такмили ихтисос Қодиров Ҷумъадилло баромад карда, таъкид кард, ки бо тақозои замон дохилшавии китобдорон ба муассисаҳои олии кишвар бо мақсади соҳибтахассус гардидан афзун карда шавад, зеро танҳо мутаххасиси соҳа метавонад боиси пешравии соҳа гардад. Аз ин рӯ, ҳар як китобдори вилоятро месазад то соҳиби маълумоти китобдорӣ бошад. Ӯ тавассути слайд омори дохилшавии кормандонро ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат ба иштирокдорон манзур намуд.
Ҳамчунин, директори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Муродзода Муаззама суханронӣ намуда, пешниҳод кард, ки чунин семинарҳо мунтазам доир гарданд, то соҳаи китобдорӣ дар вилояту ҷумҳурӣ рушд намояд ва хизматрасонии китобхонаҳо судманд бошад.
Дар ҷараёни семинар-машварат директори китобхонаи марказии шаҳри Исфара Амонуллоев Сабурхон, директори китобхонаи марказии ноҳияи Ашт Бегматова Шаҳло, директори китобхонаи марказии ноҳияи ноҳияи Айнӣ Холиқова Турсунмоҳ, директори китобхонаи марказии шаҳри Истиқлол Ғайратзода Зулфира, китобшиноси китобхонаи марказии ноҳияи Зафаробод Азизов Баҳодур суханронӣ намуданд. Онҳо аз сатҳи хуби баргузории семинар-машварат изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузор намудани чунин чорабиниҳои соҳавиро дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят барои беҳбудии кор ба мақсад мувофиқ шумориданд. Аз ҷумла, иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки онҳо ба дастуруламалу ҳуҷҷатҳои нави соҳавӣ ниёз доранд. Аз ин хотир, дастрасии нишондодҳои таҷдидшудаи соҳа ба китобдорон басо зарур аст. Гуфта шуд, ки ба масъалаҳои бозшумории махзани китобӣ, такмили ҳуҷҷатнигорӣ, таъмиру тармими китобҳо ва корбурди шеваҳои хуби хизматрасонӣ тадбирҳои судманд андешида шаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи сафари худ ба шаҳри Хуҷанд муовини вазири фарҳанги кишвар Манучеҳр Шарифзода ҳамроҳи сардори Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд Қосимов Бахтиёр ба китобхона ташриф оварда, аз номи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ба кори семинар барор хоста, бо иштирокчиёни семинар-машварат мулоқот намуд ва аз рисолати занону бонувони китобдор дар тарбияи фарзанду пешбурди ҷомеа, саҳми онон дар боло бардоштани донишу саводи кӯдакону наврасон ва ҷавонон, омода кардани шогирдон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва дигар озмуну сабқатҳо ва фестивалҳо ёдовар шуд.
Семинар-машварат дар сатҳи баланд ва судманду хотирмон ба поён расид. Садорати китобхона ва мутахассисони китобшиноси он азм доранд, ки ин чорабинии соҳавиро ба таври анъанавӣ, бо фарогирии масоили меҳварии соҳаи китобдорӣ, бо назардошти пешбурди фаъолияти китобхонаҳо ва шинохти шеваҳои ҳалли мушкилоти ин муассисаҳои фарҳангӣ баргузор намоянд.
Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос