Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

01.06.2024 // ЯК ХАНДАИ КӮДАКЕ ҶАҲОНИ ШОДӢ

Ҳамасола 1-уми июн дар саросари олам ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон ҷашн гирифта мешавад. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак «Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак»-ро қабул намуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин Конвенсия мавриди амал қарор дорад ва корҳои зиёде дар ин самт амалӣ мегарданд. Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кўдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ў фаро гирифта шудани кўдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо ҳамчун пояи асосии ояндасози миллат, аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Бештар аз 30 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кўдакон ташкил медиҳанд ва онҳо ояндасозӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд, бинобар ин давлат барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарин барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад, ки ин амал боиси шодӣ ва хушбахтии кўдакону насли наврас мебошад.

Масъулини шуъбаи матбуоти даврӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон санаи 1-уми июни соли равон дар даромадгоҳи шуъба таҳти унвони «Фарзанд меваи умри инсон аст» силсиланамоиши кушоди матбуотӣ омода намуда, мақолаҳои дар рўзномаву маҷаллаҳо ба ин муносибат нашргардидаро пешкаши хонандагон гардониданд. Дар баробари ин дар шуъбаҳои толори хониш ва хизматрасонӣ низ намоишҳои китобию матбуотӣ ташкил ва барои истифодаи хонандагон пешниҳорд карда шуд.

Ҳамчунин ба муносибати ин сана китобдорони китобхона-филиалҳои №1,5,6 тибқи нақшаи корӣ дар мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Хуҷанд вохурӣ гузаронида баҳри хурсандии кӯдакон ҳадяҳо супориданд ва адабиётҳои бачагонаро ба онҳо муаррифӣ намуданд.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос