КИТОБДОРИ ВАРЗИДА
(табрикоти ҳампешагон дар шуруи давраи наву пурфайзи зиндагӣ)
Дар зиндагӣ инсонҳое зиёданд, ки худро пайванди касбе намуда, аз пешаи интихобнамудаашон ҳамеша ифтихор мекунанд. Китобдори варзида ва собиқадори соҳаи китобдорӣ Қаландаров Абдулазим аз ҷумлаи чунин инсонҳои хушбахт мебошад.
Қаландаров Абдулазим 16-уми феврали 1961 дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуда, соли 1978 мактаби миёнаи №14 ба номи Абдураҳмони Ҷомиро бомуваффақият хатм намудааст.
Мавсуф собиқаи 39-солаи корӣ дошта, фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ҳамчун мудири китобхонаи бачагонаи ноҳияи Айнӣ шуруъ намудааст. Соли 1985 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, то моҳи феврали соли 1988 таҳсил намуда, вале бо сабабҳои оилавӣ таҳсилро ба поён нарасонидааст.
Новобаста аз ин, саводи касбии худро баланд бардошта, соли 1990 ба Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба кор омада, методисти шуъбаи илмӣ-методӣ таъин гаштааст. Ӯ то имрӯз дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, методисти шуъбаи илмӣ-методӣ, сардори шуъбаи илмӣ-методӣ, сардори шуъбаи автоматикунонӣ, ҷонишини директори китобхона оид ба корҳои хоҷагӣ ва тиҷорат фаъолият бурда, на фақат таҷрибаи касбии худро афзуд, балки дар тарбияи китобдорони ҷавони вилоят низ саҳмгузорӣ кард.
Бо ташаббуси ӯ якчанд дастурҳову мактубҳои методӣ, рӯйхатҳои тавсиявӣ, пурсишномаҳо ва маводи омӯзишӣ барои китобдорон омода гардида, мавсуф бо ин васила ҷиҳати пешбурди кори китобхонаҳо кӯшиш намудааст. Ӯ барои рушди ҳамкориҳои китобхонаҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон бо Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аз рӯи лоиҳаи «Робитаи дӯстии халқҳои водии Фарғона оид ба кори китобхонаҳо» (бо маблағгузории Фонди Сорос дар солҳои 2005-2008) ҳамчун ҳамоҳангсоз саҳм гузоштааст.
Нақши методисти шинохта дар гузаронидани семинар-машваратҳои соҳавӣ, чорабиниҳои китобхонавӣ ва озмунҳо назаррас буда, пайваста зимни сафарҳои хизматӣ ба китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят ёрии методӣ расонидааст.
Мо ҳамкорон аз он хурсандем, ки дар ҳошияи машварат бо кормандони китобхона сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муҳтарам Бахтиёр Қосимов Қаландаров Абдулазимро бо Сипоснома сарфароз намуда, якҷоя бо собиқадори соҳа, ходими барҷастаи сиёсиву ҷамъиятӣ, устод Нодирҷон Солиҷонов, директори китобхона Баҳром Мирсаидов ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони китобхона Зуҳро Файзуллоева туҳфаҳои хотиравию гулдастаҳоро бо орзуҳои нек тақдим намуданд.Садорат ва ҷомеаи меҳнатии китобхона Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Абдулазимро бо санаи фархундаи умр, яъне 63-солагиву расидан ба синни нафақа табрику таҳният намуда, ба эшон тани сиҳату хотири ҷамъ, давлати бегазанди бузургсолӣ, нишоти оилаву фарзандону наберагонро таманно доранд.