Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

Наврӯзномаи СУҒД

Дар ин маҷмӯа силсилаи мақолаҳои инъикосгари чигунагии оинҳои Наврӯзӣ миёни мардумони шаҳру навоҳии вилояти Суғд фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин ба маҷмӯа чанд мақола оид ба расму анъанаҳои таҷлили Наврӯз дар миёни кишварҳои ҳамҷавор ва ҳамзабон, аз ҷумла, тоҷикони кишварҳои Қирғизистону Узбекистан, Қазоқистон ва Эрон низ ворид гардидааст.  

Дар нашри китоб шоиру муҳаққиқ Нуралӣ Нурзод ҳамчун мураттиб, адабиётшинос Баҳром Мирсаидов ва забоншинос Салоҳиддин Вайдуллозода ҳамчун муҳаррир саҳм гузоштаанд.

Китоб бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ тавассути нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд соли 2016 чоп ва дастраси хонандагон шудааст.

 

Бузургон ва қаҳрамонони миллат

Дар ин китоб доир ба рӯзгор ва пайкори нобиғаҳои миллати тоҷик–ҳакимону донишварон, сарварони мазҳабу дин, олимони забардасти риштаҳои гуногуни илм, шоирон ва ҳунарварони забардаст, қаҳрамонони миллӣ, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо барои бақои халқи тоҷик ҷонбозиҳо кардаанд, маълумот фароҳам оварда шудааст. Мақсаду мароми мураттибону масъулон аз он иборат аст, ки хонандаи китоб – мактабхону омӯзгор, донишҷӯю устод, коргару деққон, афсару сарбоз дар бораи ин бузургони миллат маълумоти кофӣ дошта бошанд.

Китоби «Бузургон ва қаҳрамонони миллати тоҷик», ки фарогири мухтасари ҳолнома ва бозтоби чеҳраҳо – аз Зардушти некойин то Восеи диловар мебошад, барои ҳаводорону хонандагон армуғони хуб аст.

Ин китоб бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дастгирии раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо теъдоди зиёд соли 2016 тавассути нашриёти “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд мунташир шуда, дастраси оммаи васеи хонандагон гардидааст. Китобро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Баҳром Мирсаидов ва шоиру муҳаққиқ Шодиқул Шарифов таҳия кардаанд.

 

«Сад барги ғазал»-и Камоли Хуҷандӣ

«Сад барги ғазал»-и Камоли Хуҷандӣ шомили сад ғазали ҷаззобу ноби ин шоири хатмбахши лутфи сухан буда, дар ҳар як аз ин сурудаҳо таҷаллои назокати шеъри ин суханвари мумтоз муҷассам аст.

Мутолеаи ин китоби хурд моро ба ҷаҳони раноранги андешаву тахайюл, сайри гулистони латофат ва боғи бисёрдарахти маънӣ ва олами бемисоли шоирӣ ҳидоят мекунад, то аз атри раёҳину насрин ва ёсамини матлабҳои ноб баҳравар гардида, фурсате дар баҳористони хаёлот ва афкору дунёи вожаву таъбирҳои бемисли Шайх Камол камол файзҳое бардорем. Баргузида бо пешгуфтори шоир ва адабиётшинос Нуралӣ Нуров омода гардида, ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад. Китоб соли 2016 тавассути нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд мунташир шудааст.

 

 

Чеҳраҳои мондагор

“Чеҳраҳои мондагор” дар асоси осори илмиву таърихии ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардидааст. Анҷом додани ин кор ба се ваҷҳ муносиб дониста шуд: аввалан, сатҳу савияи илмии нигошта ва маърӯзаҳо дар пояи баланд қарор дорад ва аз онҳо боястӣ аҳли илму адаб, омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон зимни пажӯҳиши илмӣ, таълими шогирдон ва огоҳии бештаре пайдо намудан бо рӯзгору осори шахсиятҳои варзидаи таърихӣ ва фарҳангиамон истифода баранд. Аз ҷониби дигар, ин кор ба он хотир зарур дониста шуд, ки дар айни ҳол теъдоди нашри китобҳои Сарвари кишвар хеле маҳдуд аст ва на ҳамаи ниёзмандон имкони дарёфту мутолиаи онҳоро доранд. Далели сеюм ин аст, ки дар як маҷмӯа гирд омадани маводи ин китоб, ки қаблан ба сурати пароканда дар маҷмӯаву китобҳои гуногун ва нашрияҳои даврӣ чоп шуда буданд, ба хонандагон имкони мусоиди истифода ва баҳрабардориро фароҳам меорад.

Ин китоб ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар нашриёти “Эр-граф”-и Душанбе дар ҳаҷми 364 саҳифа нашр шудааст. Дар китоб роҷеъ ба зиндагиву корнамоии афроди таърихӣ: Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Шамси Табрезӣ, Ҷалолуддин Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода навиштаҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ шудааст.