Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

«Латоифу-л-амсол»

Латоифу-л-амсол

«Латоифу-л-амсол»-и Рашидуддини Ватвот аз ҷумлаи осори ар зишманди адабиёти мо мебошад. Муаллифи китоб зарбулмасалҳоеро, ки дар ҷаҳони онрӯзаи Машриқзамин истифодаи ом доштанд, фароҳам оварда, барои ҳар яки онхо шарҳу тавзеҳот навиштааст. Китоб ҷиҳати маърифати сарчашмаҳои зарбулмасалу маҷол аз манбаъҳои тирози аввал ба ҳисоб меравад ва бори нахуст аст, ки ба хонандагони тоҷик арза мегардад. Китоб барои адабиётшиносон ва ҳамаи алоқадмандони илму ҳикмат судманд мебошад.

Ин китобро, ки Анварова Маърифат ва Оқилов Оқилбой таҳия кардаанд, аз тарафи масъулини Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”  ба чоп тавсия шудааст. Дар нашри китоб докторони илмҳои филологӣ Умеда Ғаффорова, Фахриддин Насриддинов, номзадҳои илмҳои филологӣ Мухлиса Нуруллоева,  Ҳикматшоҳ Ҳомидиён ҳамчун мушовири илмӣ, муҳаррири масъул ва муқарриз саҳм гузоштаанд.

Моҳмомо

Моҳмомо

Маҷмӯаи нави нависанда ва тарҷумони шинохта Анвар Мирзоҳакими Олим ду қисса – "Моҳмомо", "Балогардон", чанд ҳикоя ва тарҷумаҳо - "Ширинҷон"-и А.П.Чехов, охирсухани пурмухтавои Л.Н.Толстой ба хамин хикоя ва драмма-намоишномаи нависандаи амрикоӣ Винна Делмар (Алвина Кротер) "Ҷойро барои фардо деҳ"-ро дарбар гирифтааст.  Нависанда дар қиссаҳо парда аз болои чеҳраи воқеии инсони замони мо, ки дар заминаи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва душвориҳои иқтисодӣ гоҳо иҷборан чанд ниқоб ба руй мекашад, баргирад ва печидагиҳои шахсияти ӯро пеши чашми хонанда боз кунад. “Моҳмомо”  соли 2016 дар матбааи “Тоҷпринт”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳаҷми 288 саҳифа мунташир шудааст.

Тарҷумаҳои Анвар Мирзоҳакими Олим дар китобҳои “Калиди сеҳрнок” (ҳикояҳои нависандаи литвонӣ Андрей Скайлис, 1984), “Андешаҳо дар танҳоӣ” (навиштаҳои адиби рус В.М.Шукшин, 2014) гирдоварӣ шудаанд. Маҷмӯаи ҳикояҳояш “Вақти гули зардолу”(1994), “Бачаи лалмӣ” (2015), “Моҳмомо”(2016) дастраси хонандагон гаштааст. 

Санги зӯр

Санги зӯр

Маҷмӯаи шеърҳои озод, ғазалҳо, дубайтиву рубоиёти шоир Абдуллои Фозил аст, ки бо пешгуфтори шоиру муҳаққиқ Маликнеъмат Неъматзод манзури ҳаводорони каломи мавзун шудааст. Муаллифи пешгуфтор таъкид мекунад, ки Абдуллои Фозил дар истифодаи вожаҳои зиндаи мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ, яъне ба забони адабӣ ворид кардани онҳо саҳми беандоза гузоштааст. Маҷмӯаи ашъори “Санги зӯр” аз 280 саҳифа иборат буда, дар нашриёти “Ориён Принт”-и шаҳри Хуҷанд мунташир шудааст.

Абдуллои Фозил аз соли 2014 инҷониб узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст “Пайки умед” (дар маҷмӯаи “Боли парвоз”-1992), “Кафсанҷ”(2006) ном китобҳояш ба дасти хонандагон расидааст.

Боргоҳи маърифати Хиштхона

Боргоҳи маърифати Хиштхона

Китоби «Боргоҳи маърифати Хиштхона» ба ҳаёту фаъолияти омӯзгорон ва аҳли маорифи деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт ва бунёди бинои мактаби нав барои хонандагони деҳаи мазкур бахшида шудааст. Муаллиф дар ин китоб натиҷаи сиёсати хирадмандонаю ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу дастгирии ҳамаҷонибаи муовини аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодириро дар сохта ба истифода дода шудани бинои нави мактаби замонавӣ бо толори варзиш ба қалам додааст. Инчунин дар китоб маълумоти мухтасар дар бораи таърихи деҳаи Хиштхона, дастовардҳои мардуми меҳнатқарину бомаърифат, ҳиссаи фарзандони ин диёр ва дастпарварони он дар рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон оварда шудааст.

Муаллифи китоб шоир ва тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Русия Абдуқаюм Муҳаммадҷон – зодаи деҳаи мазкур аст. Китоб соли 2016 дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.