Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

«Нафаҳот-ул-унс»

Нафаҳот-ул-унс

«Нафаҳот-ул-унс»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз беҳтарин китоби маноқиби суфиён ба забони форсиии тоҷикӣ буда, бозгӯи идомаи суннати нигоришоти ирфонӣ ҳисобида мешавад. Абдурраҳмони Ҷомӣ бо мақсади ба ҳамзамонони хеш осон гардонидани матолиби умумии ирфони исломӣ, бавижа, ба шеваи тоза рӯнамо сохтани китоби «Табақот-ус-суфия»-й Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва дигар манобеи тасаввуфӣ ин асари арзиишманди худро таълиф шмудааст. Нависандаи «Нафаҳот-ул-унс» дар бахши муқаддамотии китоб масоили назариявии тасаввуфро баррасӣ намуда, сипас шарҳи мухтасари зиндагиномаву аҳволи машоихро бо санадҷӯӣ аз Қуръону ҳадис ва сарчашмаҳои мухталифи ирфонӣ меҳвари аслии кори хеш қарор додааст. Зимнан масоиле, ки дар саросари китоб арзёбӣ мешаванд, дар баробари он ки Ҷомиро ба утоқи нависандаи соҳибкарам муаррифӣ месозанд, инчунин мафҳуму мусталеҳоти хоси сӯфия, русуми сулук, ҳолоту мақомоти тариқат, пайвастагии шариату тариқат, муносибати муриду мурод, тасфияи нафсу таҳзиби ботин ва маҷмӯан тарбияи инсони комилро дар худ гунҷоиш додаанд.

Матни асарро адабиётшиносон Муътабар Оқилова ва Баҳром Мирсаидов ба муносибати 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ таҳия карда, зери назари академик Носирҷон Салимӣ ба чоп расонидаанд.

Ин китоб соли 2013  аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон тавассути нашриёти “Пайванд” мунташир шуда, соли гузашта ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид гардид. 

Гулҷӯшаҳо

Гулҷӯшаҳо

Маҷмӯа шомили фаслҳое аз гулчини шеъри Доро Наҷот, таҳқиқу арзёбиҳо перомуни шеъри ӯ, матолиби таҳқиқии шоир аз шеъри нав, ҳамчунин тарҷумаҳои ӯ аз осори шоирони кишварҳои дигар ва тақризҳои роҷеъ ба таълифоти илмиву таърихӣ ва фарҳангнигории ӯст. Китоб бо пешгуфтори раиси ИН Тоҷикистон Низом Қосим – “Мазраъи мо саҳфаи ашъори мост” аз чоп баромада, аз чунин қисмҳо иборат аст: “Гесӯвони чилбофти шеър”(ашъори муаллиф), “Чамани андеша”(андешаҳои перомуни шеъри Доро Наҷот), “Атри таронаҳо”(ашъори шоирон дар васфи Доро Наҷот), “Мизони арзёбӣ” (баҳодиҳӣ ба навиштаҳои илмии Доро Наҷот), “Насими шеър аз фаросӯҳо” (тарҷумаи Доро Наҷот аз ашъори шоирони рус, беларус ва ӯзбак), “После долгого хождения по тропам”(Тарҷумаи В.Шлёнский аз се шеъри Доро Наҷот).  Ин китоб соли 2016 дар матбааии ҶДММ “Сифат-офсет”-и шаҳри Душанбе бо  маблағгузории фарзандони шоир– Парвиз ва Фаромарз ба чоп расидааст.

Сармаддеҳ

Сармаддеҳ

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод”  соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад. 

Агрохимики тоҷик

Агрохимики тоҷик

Китоби мазкур ба фаъолияти илмии академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳайдар Ҷумонқулов (1931-2011) бахшида шудааст. Академики номбурда аз маъруфтарин олимони соҳаи пахтакорӣ ва зироати Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1954 то охирин рӯзҳои умраш ба корҳои тадқиқотӣ машғул буд. Барои ба саҳифаҳои таърих кӯчонидани ранҷу машаққат, ихтироъ, навовариҳо ва тадқиқотҳои ин олими пурмаҳсул Усмон Шокир, Тоҳирхоҷаи Хоҷазод ҳамчун муаллиф ба чоп омода кардаанд.

Хонандаи азиз китобро мутолиа намуда, ба роҳи пурмашаққати илмӣ ва фаъолияти бобарори олими зироатшинос шиносо мегардад. Ин китоб ба ҳаводорони таъриху илму фарҳанг ва доираи васеи хонандагон пешкаш мешавад.

Китоб соли 2016 бо ҳаҷми 380 саҳифа дар ҶДММ “Шоҳин-2013”-и шаҳри Душанбе мунташир шудааст.