Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Китобе, ки мунтазир буда наметавонад

Аҷоиботи олами китоб

Нашриёти Eterna Cadencia дар Аргентина усули нави нашри китобро роҳандозӣ кард. Китобро дар формати  «El libro que no puede esperar» (Китобе, ки мунтазир буда наметавонад) ба чоп омода карданд. Ин китоб бо сиёҳие чоп шудааст, ки ранги он, баъди бори нахуст кушодани хонанда, дар муҳлати ду моҳ аз рӯйи варақ бо таъсири рӯшноӣ тоза мешавад. Аз ин рӯ, китоб то ба дасти хонанда расидан дар бастаи махсуси пластикӣ ҳифз карда мешавад. Аҳамияти ин китоб дар он аст, ки баробари кушодан ба хондани он бояд шурӯъ кард, вагарна он то дер мунтазири хонанда истода наметавонад.