Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Маъбад аз китобҳои сензурашуда

Аҷоиботи олами китоб

Дар шарҳи Кассели Олмон Марта Минуҷин ном рассоми аргентинагӣ бо истифода аз 100 ҳазор нусха китобҳои мамнуъ  ва мавриди сензура қароргирифта маъбадеро монанд ба маъбади юнонии Парфенона  бунёд кард. Маъбад дар доираи Намоиши байналмилалии санъати мусоир “Documenta 14”  тарҳрезӣ ва қомат афрохт.

Нусхаи ҳатмии ҳама маводи нашрӣ

Аҷоиботи олами китоб

Дар Англия тибқи “Қонун дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ, соли 1911” Китобхонаи марказӣ нусхаи ҳатмии ҳама маводи нашриро, ки дар ҳудуди кишвар нашр паҳн мешавад, бояд қабул кунад ва нигоҳ дорад.

Китобхонаҳои Норвегия

Аҷоиботи олами китоб

Дар Норвегия хонанда имкон дорад, ки китоби барои мутолиа гирифтаашро ба китобхонаи дилхоҳ баргардонад.

Баргардонидани китоби садсол пешгирифта

Аҷоиботи олами китоб

Дар яке аз китобхонаҳои шаҳри Вантааи Финландия китоберо, ки сад сол пеш барои истифода гирифта буданд, бе ягон қайду расм баргардониданд. Чи тавре китобдор таъкид кардаст, дар варақаи дарунии китоб санаи ба истифодадиҳии он оғози садаи ХХ қайд шудааст.

Китобе, ки мунтазир буда наметавонад

Аҷоиботи олами китоб

Нашриёти Eterna Cadencia дар Аргентина усули нави нашри китобро роҳандозӣ кард. Китобро дар формати  «El libro que no puede esperar» (Китобе, ки мунтазир буда наметавонад) ба чоп омода карданд. Ин китоб бо сиёҳие чоп шудааст, ки ранги он, баъди бори нахуст кушодани хонанда, дар муҳлати ду моҳ аз рӯйи варақ бо таъсири рӯшноӣ тоза мешавад. Аз ин рӯ, китоб то ба дасти хонанда расидан дар бастаи махсуси пластикӣ ҳифз карда мешавад. Аҳамияти ин китоб дар он аст, ки баробари кушодан ба хондани он бояд шурӯъ кард, вагарна он то дер мунтазири хонанда истода наметавонад.