Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ».

ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «БЕҲТАРИН ХОНАНДАИ КИТОБҲОИ БАДЕӢ»

Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, тарғиби ғояҳои олии худшиносии худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки ниёгон нисбат ба китобу арзишҳои маънавӣ ба муносибати  ҷашнҳои 25-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 100 - солагии китобхона  ва Соли ҷавонон бо иштироки фаъолонаи толибилмони мактабҳои миёна, хонандагони литсею гимназияҳо озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ»-ро эълон менамояд.  


ШАРТҲОИ ОЗМУН:

1. Толибилме, ки дар озмун ширкат кардан мехоҳад, бояд ҳамчун истифодабарандаи расмии китобхонаи ин ё он деҳа, шаҳрак ва ё шаҳр ба қайд гирифта шуда, соҳиби варақаи хонанда (формуляр) бошад.

2. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон ва кумитаи тадорукот рӯйхати китобҳои мутолиакардаашро ҳамроҳ бо шарҳи мухтасари мундариҷаи асари бадеӣ (то як саҳифаи чопӣ барои як асар) пешниҳод намояд.

3. Ба ҳар иштирокчӣ ҳайати ҳакамон интихобан 5 савол аз рӯи  мазмуну мундариҷа, сюжет, персонажҳо, муаллиф ё тарҷумони асар медиҳанд.

4. Ба ҳар як ҷавоб то 10 хол гузошта мешавад. 

5. Барои ширкат дар сабқат хонандае роҳ меёбад, ки на камтар аз 20 китоби бадеӣ хонда бошад. 

ТАРТИБИ ҶАРАЁНИ ОЗМУН

1. Дар озмун хонандагони макотиби миёнаи таҳсилоти умумии вилоят ва толибилмони литсею гимназияҳо иштирок карда метавонанд. 

2.Мудирони бахшу шуъбаҳои фарҳанг ва директорони китобхонаҳои марказӣ маълумоти ғолиби даври аввалро ҳамроҳ бо рӯйхати китобҳои мутолиакардааш (бо шарҳи мухтасари мундариҷаи осори бадеӣ то як саҳифаи чопӣ барои як асар) бояд то санаи 16-уми октябри соли 2017 ба Кумитаи ташкилии озмун, ки дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ фаъолият мебарад, дастрас намоянд.

3.Даври дуюми озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ» моҳи ноябри соли 2017, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ доир ва ҷамъбастмегардад.

ВАҚТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

Даври аввали озмун аз санаи 15-уми июни соли 2017, баробар бо оғоз шудани таътили тобистонаи мактабиён шурӯъ гардида, то санаи 5-уми моҳи октябри соли 2017 идома меёбад.

Даври ниҳоии озмун дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҷамъбаст мегардад.

Тамоми хабару иттилооти вобаста ба озмун дар сайти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ asiri.tj интишор мешавад.

ҶОИЗА ВА МУКОФОТ

Fолиби асосии озмун бо планшет ва дигар иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  қадрдонӣ мешаванд.