Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

ФЕҲРАСТ ВА КИТОБҲО

Аз таърихи китобхона

altКитобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ яке аз бонуфузтарин марказҳои хизматрасонии фарҳангӣ дар миқёси вилоят ва аз лиҳози таърихи таъсисёбӣ кӯҳантарин китобхона дар кишвар ба шумор меравад.

Ибтидои таърихи таъсисёбии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба санаи 12 -уми марти соли 1917 рост меояд. Дар ин рӯз ҳамоиши панҷуми депутатҳои Гарнизони ҳарбии аскарони шӯравӣ дар Хуҷанд баргузор шуд, ки дар қисми чаҳорум ва панҷуми қарори ҳамоиш таъсис додани китобхона матраҳ шуда буд.

Аз ҷумла дар қарори суратҷаласаи мазкур омадааст: «Дар бораи масъалаи таъсис додани китобхонаи гарнизонӣ чунин тадбирҳо андешида шаванд: ташкил кардани комиссия, интихоби аъзо аз депутатҳои Гарнизони ҳарбӣ барои муайян кардани ҷойи китобхона ва сомон додани дигар корҳо. Барои анҷом додани тадбирҳои мазкур 4 депутати зерин: Горемикин, Равин, Пиглов ва Вайберг интихоб карда шуданд».

Хазинаи китобхонаи навтаъсис худи ҳамон моҳ бо рӯзномаву маҷалла ва китобчаҳои мазмунан сиёсӣ пур шуд. Шумораи аввалини рӯзномаи «Известия» ба дасти хонандагон-аскарон расид. Баъди як моҳ аз китобхонаи шаҳри Тошкент 150 китобҳои дигар оварданд. Адабиёти китобхонаи навбунёд аз Москва ва Петроград дастрас мегардид. Он солҳо ҳам мисли имрӯз муаллифон асарҳои худро ба китобхона ҳадя мекарданд.

Китобхона дар Хонаи Озодӣ ҷойгир шуда, мудири нахустини он Червинский буд. Соли 1919, чи тавре аз маърузаи мудири маорифи шаҳри Хуҷанд А. Раҳимбоев бармеояд, аз 1 январ то 1 август (1919) барои ба махзани китобхона ворид кардани китобҳо 33560 рубл ва барои дастуру раҳнамоҳо 27 447 рубл маблағ сарф гардидааст.

Бино бар навиштаи Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Н.Морозов ва профессор А.Дун соли 1924 китобхона аллакай шаҳрӣ шуда, дар маркази шаҳр, назди клуби 1-уми май ҷойгир мешавад.

Соли 1927 дар ҷашни 10-солагӣ китобхона ҳамчун китобхонаи марказӣ ва дастурдеҳ бо китобхонаҳои ноҳияҳои Хуҷанд, Нов, Ашт, Конибодом ва Исфара ҳамкорӣ мекард.

Соли 1935 Шӯрои шаҳри Хуҷанд барои вусъат бахшидани корҳои китобдориву китобшиносӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Дар натиҷа бинои китобхонаи марказии шаҳрӣ калонтар гардид ва аввалин толори хониш барои хонандагон кушода шуд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам китобхона бо ҳайати ниҳоят ками корӣ аз фаъолият намонд. Китобдорон ба аскарону афсарони дар госпиталҳои ҳарбии шаҳр буда, китоб мекашонданд.

Соли 1947 китобхонаи шаҳрӣ ба китобхонаи вилоятӣ табдил меёбад. Дар соли 1947 ҳайати кории китобхона иборат аз мудири китобхона А.И.Чекунина, саркитобдор З.И.Баум, китобдорон Р.М. Берг, И.М.Вязников, А.П.Базуева, муҳосиб И.М.Қодиров, посбон Е.Ботурова, фаррош А.Палина буданд.

altСоли 1949 китобхонаро ба бинои нав, ки дар кӯчаи Орҷоникидзе, бинои 122 воқеъ буд, кӯчониданд. Соли 1959 махзани китобии китобхонаи вилоятӣ ба 123 ҳазор нусхаро ташкил медод.

Мутахассисони маҳаллӣ дар китобхона пас аз соли 1960 ба фаъолият шуруъ карданд. Соли 1961 мудири китобхонаи вилоятӣ А. Маҳкамов, мудири шуъба О. Додохоҷаева ва М. Умарова, О Неъматова ва дигарон китобдор шуда кор мекарданд.

Дар ҷашни 70-солагии таъсисёбӣ ба хазинаи китобхонаи вилоятӣ 13 ҳазор нусха китоб, 416 номгӯ рӯзномаву маҷалла ворид гардид, ки аз он зиёда аз 10 ҳазор хонандагон истифода бурданд.

Дар давоми солҳои 1960-1990 сарварии китобхонаро А.Маҳкамов, С.Абдуллоева, М.Мирсаидова, Н.Шукурова, И.Ҳусайнова, Х.Аббосов ва А.Пулотов бар уҳда доштанд.

Аз соли 1990 то 1994 фаъолияти китобхона ба талошу саъйи Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Ш.Осимова, собиқадорон М.Умарова, Г.Чернова, М.Шарипова, М.Абдуллоҷонова, М.Боқиева, Т.Азизова ва дигарон вобаста буд.

Соли 1994 китобхона бино бар сабаби зиёд шудани теъдоди китобдорон бори дигар дараҷаи вилоятиро ба даст овард.

Ба ҳайати кории китобхона шомил шудани Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, нависандаву рӯзноманигор Аҳмадҷони Хистеварзӣ, таърихшинос Эҳсон Оқилов, адабиётшиносон Нуралӣ Нуров, Баҳром Мирсаидов, Тайиба Бобоева саҳифаҳои таърихи нави китобхонаи вилоятӣ боз шуд.

Сарварии китобхонаро солҳои 1995-2002 Нодирҷон Солиҷонов, солҳои 2002-2014 Алиҷон Бобоев, солҳои 2014-2015 Мунаввара Дамонова, солҳои 2015-2016 Абдуғаффор Маллаев, ки чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои маданияту илм ва Аълочиёни фарҳанги кишвар мебошанд, роҳбарӣ намуданд.

Санаи 22-юми августи соли 2016 номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Аълочиёни фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон Мирсаидов Баҳром сарвари китобхона таъин гардид. 

***

Китобхона чаҳорошёна буда, таҳхонаҳои калон барои нигаҳдории китобҳо дорад. Дар ошёнаи якуми он шуъбаи техникӣ ва кишоварзию шуъбаи нигаҳдории китобҳо ҷойгир шуданд. Шуъбаҳои хизматрасонӣ, маълумотдиҳӣ-библиографӣ, табъу нашр, дастхатҳо ва нашрияҳои нодир, китобхона-филилали №7, толори маҷлис, шуъбаи илмӣ-методӣ ва кабинетҳои кории маъмурини китобхона воқеъ гардидаанд. Дар ошёнаи сеюм бошад шуъбаҳои электронӣ, толори хониш, адабиёти хориҷӣ, феҳрастҳо, санъат, адабиёти бачагона (китобхона-филиали №8) мавқеъ доранд. Ду шуъба-матбуоти даврӣ ва адабиёти тиббӣ дар ошёнаи чаҳорум барои истифодабарандагон хизматрасонӣ мекунад. Гӯшаи Амрико дар шаҳри Хуҷанд низ дар ошёнаи чорум воқеъ шудааст.

Ҳар як шуъба вобаста ба самти фаъолияти худ вазифа ва мақсадҳои муайян дорад ва аз рӯи нақшаи кории солона, семоҳа ва моҳона фаъолият мекунад.

Печать

Дар бораи мо

Бинои Киобхонаи оммавии вилоятӣ

КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ ОММАВИИ БА НОМИ ТОШХОҶА АСИРӢ муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», инчунин дар заминаи қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи тартиботи дохилии худ фаъолият мебарад.

Ҳамарӯза китобдорону китобшиносон барои ҷалби ҳазорон истифодабарандагон ба соҳаҳои гуногуни донишу маърифат, сарчашмаҳои илм, навовариҳои  илмию техникӣ, рушду нумӯи фарҳанги миллию ҷаҳонӣ, таҷлили ҷашну санаҳои милливу байналхалқӣ, баргузор намудани чорабиниҳои аҳамияти сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодидошта, тарбияи мутахассисони китобдору китобшинос, нигаҳдориву тарғиби қонунҳо, дастурҳо, асноди меъёриву ҳуқуқӣ, кодексҳо болотар аз ҳама, ҷиҳати ҳифзу муаррифии асару мақолаҳо, маърӯзаву гузоришот, амру фармонҳо ва Паёмҳои анъанавии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат нақши муассир мегузоранд.

Онҳо бо доир сохтани чорабиниҳои гуногуни соҳавӣ барои ғанигардонии маънавиёти мардум, баланд бардоштани тарбияи ахлоқӣ ва зебоиписандии ҷавонон, огоҳ сохтани онҳо аз муҳимтарин падидаҳои ҷаҳони муосир талош менамоянд.

Соли 2017 соли ҷашнҳову рӯйдодҳои хотирмон хоҳад буд, зеро дар ин сол 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 20-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва) ва 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  таҷлил мегардад. Мардуми тоҷик дар ин сол 65-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат ва меҳру иродати хос истиқбол менамояд.

Имсол халқи тоҷик 1085-солагии офаридгори «Шоҳнома» Абулқосим Фирдавсӣ, 1075-солагии шоири номовар Абӯмансури Дақиқӣ, 1040-солагии шоири маъруф Фаррухи Систонӣ, 875-солагии шоиру орифи машҳур Шайх Фаридуддини Аттор, 810-солагии муаллифи бузургтарин асари ирфонӣ «Маснавии маънавӣ» Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 200-солагии маорифпарвар ва адабиётшинос Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, 175-солагии ҷуғрофидону сайёҳ, харитасозу мунаҷҷим Ҳоҷӣ Юсуф Мирфайёзи Хуҷандӣ, 170-солагии Содирхони Ҳофиз, 130-солагии шоири машҳур Абулқосим Лоҳутӣ, 125-солагии адабиётшинос Зеҳнӣ Тӯрақул, 105-солагии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф», 105-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар, ба ин сана расидани драматурги машҳур Ғанӣ Абдулло, нависанда ва рӯзноманигор Алӣ Хуш, 100-солагии ҳунарманд, режиссёри театру кино Абдусалом Раҳимов, 95-солагии Рассоми халқии Тоҷикистон Зулфия Баҳриддинова, ба ин сана расидани Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Маъруфхӯҷа Баҳодуров, ходими ҷамъиятию давлатӣ Ибодат Раҳимова, 90-солагии академик Нӯъмон Неъматов, нависанда ва драматург Абдумалик Баҳорӣ, Ҳофизии мардумии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов, 85-солагии Аълочии тандурустии Иттиҳоди шӯравӣ, профессор Юсуф Исҳоқӣ, ба ин сана расидани Духтури хизматнишондодаи Тоҷикистон Султон Ӯрунов, мунаққиду адабиётшинос Хуршеда Отахонова, шоирон Мавҷуда Ҳакимова, Мӯъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, 85 –солагии Арбоби барҷастаи давлатӣ Қаҳҳор Маҳкамов, ба ин сана расидани Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди шӯравӣ Ҳошим Гадо, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марям Исоева, 85-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 75-солагии Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, ба ин сана расидани таърихшинос, профессор Назирҷон Турсунов, сароянда ва оҳангсоз Бобоҷон Шамсиев, Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Гавҳар Мирҷумъаева ва Абдураҳим Неъматов, шоир Ҳоҷӣ Мурод, 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, инчунин даҳҳо санаҳои муҳими илмиву таърихи, сиёсиву фарҳангиро ҷашн мегирад.

Китобдорону китобшиносон барои баланд бардоштани завқи худшиносию худогоҳии насли наврасу ҷавон, камолоти маънавии аҳли ҷомеа ва ошноии хонандагон бо гузаштаи пурифтихор хидмат хоҳанд кард.