КИТОБҲОИ ТОЗАВОРИД АЗ МДМИ “НОМАИ ДОНИШГОҲ” / 13.03.2020
Нашриёти МДМИ “Номаи донишгоҳ” яке аз муассисаҳои табъу нашри сермаҳсул дар ҳудуди вилоят ва берун аз он ба шумор рафта, тӯли чанд сол инҷониб барои нашр ва дастрасгардонии китоб саҳм гузошта меояд. Чанде пеш аз ин нашриёт 44 нусхаи ҳатмии китоб ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди китоби Китобхонаи вилоятӣ ворид шуд. Бино ба иттилои кормандони шуъба аз ин шумор 1 нусха соли 2018, 39 нусха соли 2019 ва 4 нусха соли 2020 ба нашр расидаанд.
Шарҳи мухтасари чанде аз китобҳои воридшуда:
Дастури ёрирасон барои коргузорони донишгоҳҳо ва корхонаҳои давлатӣ бо номи “Асосҳои имло ва ҳуҷҷатнигорӣ”, ки аз тарафи Абдуқодиров А., Абдуллоева М.А., Воҳидова Н.А. дар ҳаҷми 172 саҳифа соли 2019 ба нашр расидааст.
Дастур бо мақсади ёрӣ ба коргузорон дар беҳдошти сифати ҳуҷҷатнигорӣ таҳия гардида, дар он масъалаҳои имлои забони адабии тоҷик, шаклу мазмун ва сабку усули ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузории серистеъмол, ки дар донишгоҳ роиҷанд, ба тариқи намуна оварда шудаанд.
Китоби дигар “Методикаи таълими забони тоҷикӣ”-и Саидмурод Ҳоҷиев мебошад, ки соли 2019 дар ҳаҷми 400 саҳифа аз чоп баромадааст.
Китоб аз ҳафт боб иборат буда, муаллиф масъалаҳои асосӣ ва муҳими методикаи таълими забони тоҷикӣ: дарси забон ва хелҳои он, усулҳои таълими забон, таҳлил ва хелҳои он, корҳои хаттӣ ва тарзи гузаронидани ислоҳи онҳо, инкишофи нутқ, корҳои санҷишӣ, таълими баъзе қисмҳои грамматика ва ғайраҳоро мавриди муҳокима қарор додааст.
“Марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули ҳаракати тарҷума дар асрҳои VIII-XIV”. Ин китоб аз ҷониби мудири шуъбаи табъу нашри МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Н.А.Ҳамробоев таълиф шуда, дар ҳаҷми 464 саҳифа соли 2019 ба нашр расид.
Асари мазкур ба омӯзиш, баррасӣ, таҳқиқ ва муайян кардани аҳамият ва арзиши таърихи тарҷума ва осори тарҷумашудаи ду марҳалаи бузурги ҳаракати тарҷума - тарҷума аз паҳлавӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба форсӣ-тоҷикӣ бахшида шудааст. Вобаста ба ин, заминаҳо ва сабабҳои зуҳури ду марҳалаи ҳаракати тарҷума, раванди пайдоиши меъёрҳо, унсурҳо ва равишҳои мактаби тарҷумонӣ дар фосилаи замони мазкур, омилҳои ташаккул ва таҳаввули ҳаракати тарҷума ва тарҷумонӣ дар қарнҳои нахустини аҳди исломӣ ва ривоҷи минбаъдаи он дар аҳди Сомониён ва то қарни XIV чун ду марҳалаи як раванди адабӣ мавриди таҳқиқи алоҳидаи монографӣ қарор дода шудааст.
Китоби дарсии “Идоракунии лоиҳаҳо” (Банақшагирии бизнес), ки аз тарафи М.И.Нуриддинова, А.С.Ахмедов таълиф гардида, соли 2019 дар ҳаҷми 216 саҳифа аз чоп баромад. Ин китоб барои фанни идоракунии лоиҳаҳо таҳия гардида, зина ба зина хонандаро ба таҳияи лоиҳаҳо (бизнес-нақша) ошно месозад ва моҳияти раванди тартиб додани бизнес-нақшаро меомӯзонад. Ҳадаф аз омӯзиши фанни банақшагирии бизнес асосан аз худ кардани мафҳуми бизнес-нақша, мавқеи он дар соҳибкории муосир, зарурати таҳияи бизнес-нақша, мақсаду вазифаҳои он ва дигар талаботи умумӣ барои таҳияи бизнес-нақша мебошад. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ, роҳбарон, менеджерон ва дигар шахсоне, ки мехоҳанд оид ба банақшагирии бизнес дар соҳаҳои гуногун маълумот гиранд, таҳия гардидааст.
Дастури таълимии “Физикаи статистикӣ ва термодинамика” дар таълифи Ҳ.Саидов соли 2019 ба нашр расида, барои донишҷӯёни макотиби олӣ пешбинӣ шудааст. Он асосҳои физикаи статистикӣ ва термодинамикаи ҳолатҳои мувозинативу квантиро дар бар мегирад. Инчунин намунаи масъалаҳо доир ба асосҳои физикаи оморӣ (статистикӣ) ва термодинамика бо ҳалҳояшон оварда шуданд, ки онҳо дар рафти омӯзиши курс бешубҳа ба донишҷӯён мадад хоҳанд расонд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ