22.02.2024 // ҲИМОЯТГАРОНИ ХАЛҚ
Артиши миллии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳе роҳи пуршарафи таърихиро пушти сар кард, ки он дар таърихи худ воқеан ҳам нодир аст.
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон санаи 23-юми феврал ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар ин сана модарону хоҳарон ва намояндагони касбу кори гуногун ба дидорбинии сарбозону аскарон ба қисмҳои ҳарбӣ ташриф меоваранд. Дар баробари ин дар муассисаҳо чорабиниии фарҳангӣ –фароғатӣ ташкил карда мешавад.
Дар ин санаи таърихӣ бо ибтикори садорат ва шуъбаҳои Китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ чорабинии идона ташкил гардид. Дар маҳфил майор аз Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд Насимов Ҳабибулло, сержант Исломов Ҷамшед, сарбозон Бахтиёри Назирмат ва Мулодавлатов Воҳид, собиқадори соҳаи китобдорӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов, намояндаи муассисаи давлатии фарҳангии маҷмааи таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Ҳоҷивалӣ Набизода ва директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром ҳузур доштанд.
Дар ибтидои чорабинӣ ба аҳли нишаст намоиши слайдӣ манзур гардид ва дар баробари ин аз тарафи кормандони шуъбаҳо намоиши калони китобию матбуотӣ ташкил карда шуд, ки аз он хонандагон ва ташрифоварандагон истифода намуданд.
Мавриди зикр аст, ки то соли 1997 дар сохтори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се навъи қӯшун амал мекард. Сипас Қӯшунҳои зудамал низ таъсис дода шуд. Дар бораи тахрихи ин қӯшун ва фаъолияти он саркитобдори шуъбаи хизматрасонӣ Зӯҳрохон Норматова маърӯза намуд.
Сипас мудири шуъбаи иттилоот ва таъбу нашри китобхона Ҳамробоева Мавзунахон китоби тозанашрро бо номи «Суруди садоқат», ки аз тарафи кормандони китобхона мураттаб гардида буд ба аҳли нишаст муаррифӣ кард ва ин китоб ба меҳмонон тӯҳфа карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ монологи «Мактуби модар» аз тарафи мудири шуъбаи ташкилу назорати фаъолияти китобдорӣ ва такмили ихтисос Қодиров Ҷумъадилло ба аҳли маҳфил ироа гардид. Дар баробари ин аз тарафи кормандони китобхона порчаҳои шеърӣ дар мавзӯи Ватан, модар, сарбоз, Тоҷикистон, Истиқлолият, Ваҳдат қироат гардид.
Дар чорабинии мазкур майор аз Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Насимов Ҳабибулло суханронӣ намуда, аз шароиту сатҳи хизмати сарбозон гуфтан кард. Зимни суҳбат номбурда қайд намуд, ки имрӯз дар қисмҳои низомӣ шароити хуб фароҳам гардидааст ва ҷавононро месазад, ки барои ҳимояи марзу буми кишвари хеш содиқона ва софдилона адои хизмат намоянд. Номбурда қайд намуд, ки ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз итминони комил ва боварии калон ба сарбозони шуҷоъ ва далери кишвар дорад, ва мо низ ба ин боварии миллат ва ҷомеа сазовор гардида, марзу буми кишвари азизамонро содиқона ҳифз менамоем.
Собиқадори соҳаи китобдорӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов суханронӣ намуда, сарбозони кишварро ба муносибати ин ҷашн таҳният намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром суханронӣ намуда, бори дигар ҳузури меҳмононро ба китобхона хайрамақдам хонд ва онҳоро ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар табрик намуд. Дар охир ба афсарону сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос