Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

29.02.2024 // БЕМОРИРО НАБОЯД ТО САРАТОН РАСОНЕМ

«Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Ба рушди бемайлон ва дастовардҳои бузург нигоҳ накарда, то ҳанӯз тибби муосир дар илоҷи бемории саратон, ки яке аз бемориҳои ноилоҷи давру замонҳои гуногуни зиндагӣ буду имрӯз низ чунин мебошад, то ҳол оҷиз аст. Ин бемории пурдаҳшат ҳар сол аз рӯи замин ҳаёти миллионҳо одамонро ба зери хок бурда, «дар одамрабоӣ» баъд аз касалиҳои дилу фишор дар зинаи дуюм меистад. Имрӯз метавон бо боварии комил гуфт, ки саривақт ба муолиҷа пардохтан ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ метавонад шахсро аз ин беморӣ халос кунад.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола санаи 4-уми феврал дар тамоми миқёси ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон қайд мегардад.

Ба ин муносибат бо ибтикори садорат ва шуъбаи китобҳои тиббии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 29-уми феврали соли равон бо иштироки табибони саратоншиноси Муассисаи давлатии «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд» мизи мудаввар ташкил карда шуд.

Дар маҳфил табибони Муассисаи давлатии  «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд» Каримова Саломат, Турсунов Абдуаҳад, Холиқова Заррина ва директори Муассисаи давлатии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» Ҳоҷибоева Зуфнуна, донишҷӯёни факултети психологияи МДТ «Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ иштирок намуданд.

Дар маҳфил намоши калони китобию матбуотӣ низ ташкил гардида буд, ки аз он иштирокчиён ва истифодабарандагони хизматрасониҳои китобхона истифода намуданд.

Табибони Муассисаи давлатии  «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд» Каримова Саломат дар мавзуи «Бемории ғадудҳои ширӣ», Турсунов Абдуаҳад доир ба мавзуи «Саратони меъдаю рӯда» ва  Холиқова Заррина дар мавзуи «Омосҳои узвҳои занона» баромад намуда, ба саволҳои додаи иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.

Инчунин директори Муассисаи давлатии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» Ҳоҷибоева Зуфнуна дар бораи истифодаи дурусти ғизо ва роҳу усули истифодаи он баромад намуда, қайд кард, ки риояи гигиенаи шахсӣ ягона роҳи пешгирӣ аз бемориҳои зиёд аст.

Дар интиҳои чорабинӣ меҳмонон барои иштирок ва суханронӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос