20.02.2024 // ҚАЛАМКАШИ СОҲИБИСТЕЪДОД
Абдуҷалил Воситзода 20-уми феврали соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд, таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёна ва олиро дар шаҳри Хуҷанд гирифтааст. Пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории ба номи С.М.Киров дар мактабҳои миёнаву ҳафтсолаи шаҳр Хуҷанд ва омӯзишгоҳи варзишиву педагогии шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) фаъолияти омӯзгорӣ бурдааст.
Сипас дар идораи рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ва байниноҳиявии «Бо роҳи Ленинӣ» ҳамчун ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъул ифои вазифа намуда, ҳамчунин чанд муддат ба ҳайси мушовири адабии шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият бурдааст.
Баъдан, соли 1966 ба шаҳри Душанбе кӯчида аввало дар идораи «Комсомоли Тоҷикистон» ба сифати мудири шуъба, сипас дар идораи рӯзномаи Ҳизбии «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ҳамчун ходими калони адабӣ, мудири шуъба ва аз апрели соли 1969 то моҳи июли соли 1981 ҳамчун муовини муҳаррири ҳамин рӯзнома ифои вазифа кардааст.
Аз соли 1981 то соли 1987 вазифаи сарварии нашриёти давлатии «Ирфон»-ро ба ӯҳда дошт ва моҳи июли соли 1989 аз нашриёти «Адиб», ки он ҷо мудири шуъба буд, ба нафақа баромад. Номбурда аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва баъд узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардидааст.
Бо ифтихорномаҳои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медалҳо сарфароз гардидааст. Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Абдуҷалил Воситзода 29 июли соли 2005 аз олам чашм пӯшидааст.
Бо ибтикори садорати китобхона ва масъулини шуъбаи матбуоти даврӣ ба муносибати 95-солагии шоиру тарҷумон, корманди шоистаи Тоҷикистон Абдуҷалил Воситзода санаи 20-уми феврали соли равон дар шуъба намоиши матбуотӣ таҳти унвони «Қаламкаши соҳибистеъдод» ташкил гардид, ки аз он хонандагону муроҷиаткунандагон истифода намуданд.
Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос