Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ТАРБИЯИ МУТАХАССОНИ ҶАВОН ТАЛАБИ ЗАМОН ВА ЭҲТИРОМИ УСТОДОН АМРИ ВИҶДОН АСТ

Ҳаёти одамӣ баробари гардиши Замин зудравандаю бошитоб аст. Ҳар як одам ба дунё бо сарнавишту насибаи моддиву маънавии худ меояд ва барои худсозиву худафрӯзии хеш талош меварзад. Касе ҳаст, ки чун қаҳрамонони Ватан ҷони худро барои тамоми халқу кишвараш дар гарав монда ҷонфидоиҳо мекунад ва боз нафаре ҳам ҳаст, ки танҳо ба суди хештан зиндагӣ менамояд. Барои баҳо додан ба тамоми инсоният вақту замон ва арзишҳои волои ҳастӣ доваранд.

Дар канори ин, дар олам аслан ҳеҷ мавҷуд ҷовидонӣ нест ва фурсати умр тадриҷан ҳама чизро аз ранге ба ранге, аз сурате ба сурате, аз вазне ба вазне, аз шавқе ба шавқе дигар табдил медиҳад. Инсоне ҳаст, ки орзуи фарзанд доштан мекунад ва касе ҳам ҳаст, ки аз фарзандаш меҳаросад, нафаре ҳаст, ки ҳаққи намак медонад, нафаре ҳам ҳаст, ки намакдон мешиканд. Ниҳоят, дунё рангорангу мулавван аст...

Таърихи башарият собит намудааст, ки некӣ, меҳрубонӣ, натиҷаи меҳнат, ҳосили ҳунару истеъдоду маҳорат ҷовидонист. Шоҳкориҳои илм, санъат, ҳунар, мусиқӣ, меъморӣ, ҳандасӣ, кашфиёту ихтироот, китобу рисола, шеъру сухан ва ҳар чи бар суди одамӣ бошад, абадист ва қадраш ҳеҷ гоҳ намекоҳаду кам намешавад. Инсони ҳақиқӣ меофарад, месозад, тарбия мекунад ва ҳазорон касро камолоти инсониву виҷдонӣ мебахшад. Ба таъбири Пешвои миллат, агар коре ҳам карда натавонад, ба каси дигар халал намерасонад.

Мушоҳидаҳое шояд барои тамоми инсоният ҳанӯз аз замони сохти ибтидоӣ маълум бошанд, ки ҳеҷ гоҳ дар як ҷамъият ҳама баробар заҳмат намекашанд: касе ҷонфишону ҷоннисор, нафаре коҳилу зоҳирфиреб, вале ҳангоми талаби ҳақ ҳарду баробар садо баланд мекунанд. Дувумӣ медонад, вале намегӯяд, ки будан, мисли санг истодан нишони офаридану эҷод кардан ва сӯхтану сохтан нест, аммо хоҳишҳои нафсониву дарунӣ ӯро ба манфиатҷӯиву ҳақталабии бешармона водор мекунад...

Орзуманди он ҳастам, ки дар кишвари азизамон, дар тамоми коргоҳҳои давлатӣ ҳаҷму андозаи меҳнати кормандон ҳисоб карда шавад. Агар мо музди меҳнатро аз корамон бигирем, бар суди ҷомеа хоҳад буд. Бо ин роҳ метавонем қадри мутахассисони асилу заҳматписандро адо намоем.

Ҳамзамон, моро зарур аст, ки роҳро барои ҷавонон кушоем. Сарвари давлат ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа номида, ҳамеша бо ифтихор мегӯянд, ки мо, тоҷикон миллати бостониву тозаҷавон ҳастем ва шукрона, ки кишвари мо давлати ҷавон аст. Ин саодати халқу миллати мост, вагарна дар ҷаҳон халқу миллатҳое зиёданд, ки пир шудаанд ва хуни ҷавониашон солҳост, ки аз ҷӯшу хурӯш мондааст.

Мутахассиси ҷавон кист? Абераву набера, фарзанду шогирди пирони рӯзгордида. Шахсест, ки мехоҳад ба Ватанаш хидмат кунад, ба ин обу хок дил бандад ва қарзи фарзандияшро ба ҷо оварад. Агар мо ба ҷавонон роҳ накушоем, мавҷи муҳоҷирату майли кишварҳои бегона кардани насли рӯ ба камол меафзояд. Ҷавонон бояд сарҳадбон, кӯҳкан, меъмор, сонеъ, ҳавонавард, муҳандис, мухтареъ, барномагузор, муаллим, адиб, эҷодкор ва соҳиби касбу пешаи зиёд бошанд. Ватансозиву ватанбонӣ намоянд.

Инро низ мо бояд донем, ки на ҳар як ҷавони ба хориҷа рафта бармегардад: ҷавонӣ, ишқ, шавқ, орзу ва дигар ғаризаҳои инсонии хос ба синну сол, сипас дилбастагӣ, одат, ҳавсала намегузоранд, ки ба зодгоҳи падариву сарзамини аҷдодӣ баргардад...

Ҷавон бе пир тавони офаридан надорад:
Пирони солхӯрда сухан пухта мекунанд,
Шохи ниҳол меваи худ нимрас кунад.
Баррасиҳои мо ҳеҷ вақт нишони беҳурматӣ нест:
Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест,
Як камон сад тирро бар хок пинҳон мекунад.

Бузургони рӯзгордида офтоби рӯзу маҳтоби шомгоҳии мо ҳастанд. Моро зарур аст, ки ҳамеша бо маслиҳату машварат ва бо дуои онҳо ба иҷрои кореву тадбире шуруъ намоем, дасташон гирем, ёрӣ расонем, навозиш кунем, гарди пояшонро болои мижгон бигзорем.

Мавлонои бузург мефармояд, ки зиндагонӣ оштии зидҳост. Ҷавониву пирӣ ҳам аз рӯйи табиат, майл, хоҳиш, имконият, нерӯ муқобили ҳамдигаранд. Хуш ба ҳоли он пире, ки аз равнақи кори ҷавоне шодмон мегардад, хонаи навбунёд, фарзанди навзод, рисолаи навнавишта, тавфиқи навёфтаи ӯро аз сидқи дил муборакбод мегӯяд.

Соиби Табрезӣ аз бузургтарин шоирони тамсилсоз аст ва шояд ягон падидаи ҳастӣ аз назари ӯ дур наафтодааст. Дар чанд ҷойи девонаш «одамӣ пир шавад, ҳирс гарон мегардад», «бештар дилбастагӣ бошад ба дунё пирро» гуфтааст. Шайх Саъдӣ талошҳои баъди панҷоҳсолагиро чунин маънидод кардааст:

Эй кӣ панҷаҳ рафту дар хобӣ,
Магар ин панҷрӯза дарёбӣ.

Инсон ашрафи махлуқот аст ва офаридаи зебои Ҷаҳондори бемонанд аст. Бовар дорам, ки дӯстиву рафоқат ва ҳамдилии пиру ҷавон ҷаҳонро обод нигоҳ хоҳад дошт. Бигзор чунин бошад.

Мо ҳама узви ҷомеаи Тоҷикистон ҳастем ва бояд қонунҳои онро бечунучаро риоя намоем. Дар моддаи 34-уми Конститутсияи мамлакат омадааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Ин масъулият масъулияти инсонпарварона ва дурнигарона аст, зеро ба таъбири халқ «ҳар кас дунё ба умед фарзанд ба воя мерасонад». Фарзанд бояд як умр хидматгузору сипосгузори падару модари хеш бошад. Рисолати фарзандӣ дар ризоияту иҷрои ҳукми волидайн маънидод мегардад.

Дар мамлакати мо ҳар кас озодона ҳуқуқи зиндагиву кору эҷод дорад, вале таноби қонун беохир нест ва барои ҳар марҳилаи умр: таҳсилу кор ҳад гузошта шудааст. Шаҳрвандон–занон дар 58-солагӣ ва мардон дар 63-солагӣ ба нафақаи синну солӣ мебароянд ва бештари онҳо майли идомаи фаъолият доранд. Мутахассисони ҷавон ба умеди ҷойи кор нишастаанд ва чашм ба дастгоҳи қонун доранд. Дар коргоҳҳое, ки ниёз ба корманд ҳаст, нафақахӯреро, ки мутахассиси арзандаву зарурӣ бошад, бо шартнома дубора ба кор мегиранд, вале дар коргоҳҳое, ки мутахассисон зиёданд ё бархе аз онҳо дар рухсатии ҳомиладориву нигоҳубини кӯдак ё кӯдакони хурдсоланд, имкони таъмин бо кор намемонад. Ё дар баъзе коргоҳу минтақаҳо ин ё он навъ мутахассис намерасад ва мутахассиси ба синни нафақа расида солҳои тӯлонӣ кор мекунад. Хусусан, дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва пойтахт мутахассисони ҷавон бамаротиб зиёданд. Дар ин ҷо бояд нафақахӯрон ғами мутахассисони ҷавонро низ бихӯрданд. Дар ин маврид муросо бояд карду ба қонунҳо сари риоят фуруд овард.

Шоистаи зикр аст, ки зарурати ба нафақа гусел кардани кормандони муассисаҳои давлатӣ баробари ба синни ниҳоии нафақа расиданашон дар нусхаи Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№5, аз 29.04.2015) «барои ҷалби мутахассисони ҷавон дар тамоми соҳаҳо» маънидод шуда, амри саривақтӣ мебошад.

Аз мактуби Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№235/10-27, аз 06.12.2012) бармеояд, «бо мақсади ҷалби мутахассисони ҷавон ба корҳои идоракунӣ, истифодаи самараноки иқтидори кадрӣ, таҳкими нерӯи зеҳнии кишвар ва суръатбахшии ҷорӣ намудани технологияи муосир» шуруъ карда аз 25-уми декабри соли 2012 раванди қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо нафақахӯрони ба синни ниҳоӣ расида дар доираи нишондодҳои қонунгузории мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин, дар ин хусус фармоиши сардори вақти Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд (№82, аз 21.07.2015) Набиев О.А. ба имзо расидааст.

Дар тамоми ин ҳуҷҷатҳо таъкид шудааст, ки ҳангоми ба синни ниҳоии нафақа расидани кормандон қонунгузориҳои амалкунанда риоя гардида, онҳо бо иззату эҳтиром ба нафақа гусел карда шаванд.

Маъмурияти китобхона дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъзозу эҳтироми собиқадоронро вазифаи волои худ меҳисобад. Дар баробари ин, кӯшиш менамояд, ки шумораи мутахассисони ҷавонро зиёд намуда, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо шароит фароҳам оварда, ваҳдати дилҳову андешаҳо ва ақлу иродаҳоро таҳким бубахшад:

Сад ҳазорон чӯби якторо набошад қуввате,
Гар ба ҳам бартофтӣ, Исфандиёраш нашканад.

 

Баҳром Мирсаидов,
директори Китобхонаи вилоятии оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ