13.02.2024 // ТАҶАССУМГАРИ САНЪАТИ КИНО
Зоҳирҷон Дӯстматов 10-уми феврали соли 1914 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Лаёқати ҳунармандӣ ва донишу заковати баланд ӯро ба мактаби ҳунар ва дунёи санъати кино меорад.
Номбурда солҳои 1942-1945 ҳунарпеша ва коргардони Театри мазҳакаи- мусиқии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) ба номи А.С. Пушкин, (ҳозира ба номи Камоли Хуҷандӣ) ва аз соли 1946 то поёни умр ҳунарпешаи Театри давлатии академии драммавии тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолияти пурсамар дошт.
Нақшҳои офаридаи Зоҳирҷон Дӯстматов: Мирзошариф («Ҳукм-и М.Турсунзода»), Валӣ («Оршин мололон»-и У. Ҳоҷибеков), сардори қаландарон («Ҳалима»-и Ғ.Зафарӣ), Тешабобо («Шаҳри ман»-и М.Миршакар, 1951), Очил-катта («Иродаи зан»-и Аъзам Сидқӣ, 1961) ва дигарон мебошад, ки дар қалбу дидаи мардум ва ҳаводоронаш ҷовидона мондааст.
Зоҳирҷон Дӯстматов инчунин дар синамои тоҷик дар филмҳои «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Чароғ дар кӯҳсор» «12 соати ҳаёт», «Насриддин дар Хуҷанд» нақши Қаландар, дар «Қисмати шоир» шоири дарбор, дар филми «Коваи оҳангар» симои оҳангарро бо маҳорати баланд бозидааст.
Боиси таассуф аст, ки ин симои пурҳунари филми тоҷик дар айни камолоти ҳунар санаи 6-уми феврали соли 1967 дунёи фониро тарк намудааст. Ҳарчанд ин ҳунарманд ҷавон рафта бошад, вале аз худ хотира ва мероси ҷовидонае барои насли фардо боқӣ мондааст.
Ба муносибати 110-солагии актёру коргардони номдор, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳирҷон Дӯстматов 13-уми феврали соли 2024 бо ибтикори садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва кормандони шуъбаи китобҳои санъат ва варзиш дар толори китобхона маҳфили накӯдошт таҳти унвони «Таҷассумгари санъати кино» ташкил ва баргузор гардид.
Дар назди даромадгоҳи толор аз ҷониби кормандон намоиши китобию матбуотӣ ба маърази истифодаи хонандагон ва меҳмонони маҳфил қарор дода шуд. Дар маҳфил профессори факултети санъати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Алиев Умар Раҷаббоевич, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоумар Мирзоахмедов, узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1989) Ҳошим Раҳимов, собиқадори соҳаи китобдорӣ , Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов ва дигар устодону донишҷӯёни факултети санъати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва дӯстону пайвандони ҳунарманд ҳузур доштанд.
Маҳфил бо пешниҳоди намоиши слайдӣ оғоз гардида, сардори шуъбаи китобҳои санъат ва варзиш Машҳура Умарова дар мавзӯи «Чашмаи ҳаҷву сурур» доир ба зиндагиномаву фаъолияти ҳунарманди кино маълумот дод ва ҳамзамон бо пешниҳоди намоиши лаҳзае аз филми «Марги судхӯр» таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба санъати кино ва маҳорати актёрии ҳунарманд ҷалб кард ва ҳамин тариқ ӯ бо мазмун ва моҳияти филм Ҳунармандро муаррифӣ намуд.
Дар рафти маҳфил профессори факултети санъати МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Алиев Умар Раҷаббоевич, узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1989) Ҳошим Раҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоумар Мирзоахмедов ва собиқадори соҳаи китобдорӣ , Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов суханронӣ намуда аз ин марди ҳунар ёдоварӣ намуданд ва талошу заҳматҳои ӯро дар филми тоҷик , ки боиси пешрафту баланд гардидани фарҳанги тоҷик гардидааст шоистаи таҳсин хонданд. Сипас, лаҳзае аз филми «Қисмати шоир» ба аҳли нишаст намоиш дода шуд.
Дар интиҳои маҳфил Исмоилова Мавлуда , ки яке аз пайвандони ин чеҳраи дурахшони кинои тоҷик мебошанд суханронӣ намуда ба садорати китобхона ва ташкилкунандагону меҳмонон, ки бо ҳузури худ маҳфилро рангин мекарданд изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос