Чорабиниҳои моҳ

  • 02.01.2019 Рӯнамоии китобҳо, силсила-намоиши китобиву матбуотӣ, суҳбату вохӯрӣ ва маҳфилҳо

    «Китоб- сарчашмаи дарёи ақл ва калиди ганҷи сухан» (ба муносибати эълон гардидани Соли 2019 - «Соли китоб»)

    02.01.2019 Ташкили гӯшаи тарғиботи ташвиқотии доимоамалкунанда

    «Об - ҳаёт ва зиндагист» (дар доираи чорабиниҳо оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»)

  • 02.01.2019 Ташкили гӯшаи тарғиботи ташвиқотии доимоамалкунанда

    «Варзишу истироҳат - кафили саломатӣ» (оид ба иҷроиши барномаи миллӣ ташакулли тарзи ҳати солим барои солҳои 2011-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон)

    02.01.2019 Ташкили гӯшаи тарғиботи ташвиқотии доимоамалкунанда

    «Забон - сарчашмаи дарёи ақл ва калиди ганҷи сухан» (дар доираи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»)

  • 03.01.2019 Намоиши китобӣ

    «Агрохимики тоҷик» (ба муносибати 90-солагии номзади илмҳои кишоварзӣ Маҳмудов Раҳим)

    04.01.2019 Вохӯрӣ

    «Табиби некирода» (ба муносибати 70-солагии духтури сироятшинос Алиева Мавлуда)

    05.01.2019 Намоиши китобӣ

    «Сухансози мумтоз» (ба муносибати 90-солагии шоир ва тарҷумон Ғаффор Мирзоев)

Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ОЗМУНИ КИТОБДОРОНИ КИТОБХОНАҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНД 

Ҳамасола байни китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмун дар ду давр – шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир мегардад. Даври ноҳиявӣ ва шаҳрии он дар китобхонаҳои вилоят аз рӯйи нақшаи пешбинишудаи Китобхонаҳои системаи марказонидашуда барпо гашт.
Даври шаҳрии озмуни вилоятии “Китобдори сол-2018” дар шаҳри Хуҷанд барпо шуд, ки дар он 32 нафар китобдор ширкат варзиданд. Аз миёни иштирокчиён ду китобдор – Қаюмова Манзура (аз шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ) ва Нурматова Умеда (аз шуъбаи илмӣ-методӣ) бо дарёфти 75 холи баробар соҳиби ҷойи якум гардида, ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Муфассал...

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ КИТОБДОРИ СОЛ-2018

Даври ниҳоии озмуни “Китобдори сол-2018” бо иштироки ҳамаи ғолибони даври аввали он баргузор шуд.  Фаъолияту ширкати китобдоронро ҳакамон дар ҳайати зерин: Абдуллоева Хуршеда – Маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Расулова Муаззама – директори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҳакимова Мунира – муовини директор оид ба корҳои хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ, Ҳамробоева Мавзуна – муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методии Китобхонаи вилоятӣ, Қаландаров Абдуазиз – сардори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи вилоятӣ баҳогузорӣ карданд. Аз рӯйи баҳогузории доварон китобдорон тибқи холҳои бадастовардаашон соҳиби мақому ҷой ва туҳфаҳо гардиданд.

Аҷоиботи олами китоб

Аҷоиботи олами китоб

Дар яке аз китобхонаҳои шаҳри Вантааи Финландия китоберо, ки сад сол пеш барои истифода гирифта буданд, бе ягон қайду расм баргардониданд. Чи тавре китобдор таъкид кардаст, дар варақаи дарунии китоб санаи ба истифодадиҳии он оғози садаи ХХ қайд шудааст.

Хабарҳои охирин