Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

БА КИТОБХОНА КИТОБҲОИ НАВ ҲАДЯ ШУД/24.01.2020

Дар гузашта донишмандони мо ҳангоми сафарҳояшон бо худ баробари  обу нон китоб ҳам мегирифтанд ва барои дӯстону ҳаводоронашон аз шаҳрҳояшон ҳатман китобҳои нав ҳадя мебурданд. Хушбахтона, чунин анъанаи нек аз тарафи меросбарони фарҳанги тилоии ниёгон – олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илм ба таври шоиставу боиста риоят мешавад. Ҳузури гарми директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Сӯфизода Шодимуҳаммад ва ходими давлативу ҷамъиятӣ, донишманди барҷаста, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардонӣ ба Китобхонаи вилоятӣ ва суҳбати самимиву судманди онҳо бо директори муассисаи мазкур Баҳром Мирсаидов, ҳадядиҳиву ҳадягирии китобҳои нав байни афроди номбурда далели равшан аз мавҷудияти ин анъанаи неки ниёгон дар ҷомеаи муосир мебошад. Нишондиҳандаи китобшиносии “Репертуар фонда Ольденбурга” (библиографический указатель книг и научных материалов)(Душанбе, 2019), маҷмӯаи мақолаҳои илмиву таҳлилии “Китобхона дар ҷаҳони муосир: баррасии фарҳангию иттилоотӣ” (Душанбе, 2019), феҳристи китобшиносии “Илм дар Тоҷикистон”(феҳристи китобҳо ва мақолаҳои 2019) (Душанбе, 2020) аз ҷумлаи китобҳои ҳадяшуда мебошанд, ки баъд аз коркард ба махзани шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва толори китобшиносии Китобхонаи вилоятӣ интиқол хоҳанд ёфт.

Ба қарибӣ ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди китоби Китобхонаи вилоятӣ асарҳои Иқтисодчии хизматнишондодаи Тоҷикистон Шокиров Юлдош Абдукаримович  «Ислоҳоти музди меҳнат ҳангоми гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Душанбе, 2012), «Регулирование оплаты труда в контексте нового трудого кодекса Республики Таджикистан» (Душанбе, 2017),  «Баъзе заминаҳои назариявӣ ва амалии ташкили пардохти меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Душанбе, 2019) ворид гардид. Муаллифи номбурда аз донандагони хуби соҳаи иқтисодиёт буда, аз соли 1961 то соли 2005 дар вазифаҳои пурмасъулият, аз ҷумла муовини аввали Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, директори МД ”Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва шуғли аҳолӣ” (ҳозира Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ)-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Асарҳои номбаршуда барои кормандони илмӣ, мутахассисони соҳаи пардохти меҳнат, омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои иқтисоди макотиби олӣ, хизматчиёни давлатӣ,  хоҷагидорон ва дигар алоқамандони масоили пардохти меҳнат судманд мебошад.

Аз китобҳои тозаворид, маҷмӯаи мақолаҳои “Китобхона дар ҷаҳони муосир: баррасии фарҳангию иттилоотӣ” (Душанбе, 2019) беҳтарин сарчашмаи омӯзиш барои китобдорон ва алоқамандони соҳаи китобдорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин маҷмӯа мақолаҳои илмии муҳаққиқони Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – директори китобхонаи мазкур, доктори илмҳои филологӣ – Сӯфизода Ш., мудири шуъбаи библиографияи илмӣ – Бердизода Ё., номзади илмҳои таърих, дотсент директори Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон – Буризода Қ.Б., мудири шуъбаи библиографии Агентии мазкур – Титова О., номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, иҷрокунандаи директори  Пажӯҳишгоҳи илмии тадқиқотии забоншиносӣ ва тарҷумаи Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода – Шосаидзода Ш. гирдоварӣ шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар ин маҷмӯа навиштаҳои Сӯфизода Шодимуҳаммад аз лиҳози дарунмояи илмӣ ва таъсирбахшии маънавӣ қобили арҷгузорӣ ва омӯзишу нашри густардаанд. Барои намуна чанд гуфтори донишманди номбурда аз мақолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ...” иқдоме, ки ояндаро месозад” барчида, пешкаши алоқамандон  мегардад:

“Сабки навиштан, баёни равшану фаҳмои матлаб, ки ҳамвора Пешвои миллат бар он таъкид меварзанд, бо пайваста хондани китоб сайқал меёбад.

Китобхонӣ бояд маҷбурӣ набошад, баръакс бояд ниёзи ботинии шахс шавад ва аз хондан одам бояд лаззат бибарад.

Бар иловаи ниёзҳои китобдоронро баровардан, китобдор бояд худаш китобхон бошад ва тарзу усулҳои китобхониро ба дигарон биомӯзонад.

Фоидаи китобхонӣ на танҳо ба худи хонанда мерасад, балки ҷамъиятро ба камоли воқеӣ, ба фарҳанги хуби ахлоқӣ хоҳад расонд.

Вақте ангеза ва марому ҳадафи устуворе барои хондани китоб вуҷуд надошта бошад, кори шумо ба ҷуз куштани вақт самараи хубе нахоҳад дод.

Ҳангоме китобхонӣ абзор ё воситае барои ғанӣ гардондани андеша ва ё донишпарешию худнамоишдиҳӣ дар анҷуману минбар ва маҷлисҳову маҳфилҳо бошад, наметавонад фоидаи зиёде ба бор оварад, зеро, маъмулан, чунин донишҳо бар эҳсосоти гӯяндаи он бунёд гардида, бештар намоишӣ мебошад, на андешаӣ.

Китобхонӣ набояд ба як раванди беқоидаву бенизом табдил шавад. Ин амал бояд, алорағми кӯчаку маҳдуд будани пайравонаш, бо ҳар роҳ тамҷиду таблиғ шавад, то мо аз буҳрони китобгурезӣ раҳо ёбем.

Бовар дорам, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ҳатман такон, ангеза ё сабабе ба вуҷуд хоҳад овард, то рағбату гароиши ҷомеаро ба китобхонию донишандӯзӣ бештар аз пештар равона созад.

Бояд чунин фазоеро ба вуҷуд овард ва парвариш кард, то ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ва фазои сиёсии Ватани азизамон аз ҳар гуна фишорҳои пинҳону маккорона огоҳӣ дошта бошанд ва фирефтаи таблиғи бардурӯғу зиёновари ҳар гуна гурӯҳҳои ба зоҳир одамдӯсту дар асл одамкуш нагарданд”.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ