КИТОБҲОИ ТОЗАВОРИД АЗ “НОШИР”/02.08.2019
Нашриёти “Ношир” яке аз муассисаҳои табъу нашри шинохта дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он мебошад, ки маҳсулоти он дар намоишгоҳҳои байналмилалии нашри китоб соҳиби ҷойҳои намоён шудааст. Дар оғози ҳафта аз ин нашриёт 157 нусхаи ҳатмии китоб ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шуд. Мувофиқи маълумоти масъулони шуъба аз ин теъдод 30 нусха соли 2016, 65 нусха соли 2017, 62 нусха соли 2018 аз чоп баромадаанд. Қисми зиёди китобҳои мазкур бори аввал ба китобхона ворид шуда, нусхаҳои ягона мебошанд, ки баъд аз коркард ба шуъбаҳои хизматрасонӣ интиқол меёбанд.
Шарҳи мухтасари чанде аз китобҳои тозаворид:
Китоби “Асолати забон ва маҳорати баён” маҷмӯаи мақолоти мунтахаби доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода мебошад, ки зери назари доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Мукаррама Қосимова дар ҳаҷми 516 саҳифа нашр шудааст. Маҷмӯаи мақолот ба вижагиҳои забони осори аҳди Сосониёну Сомониён ва даврони баъдии инкишофи забони адабии тоҷикӣ бахшида шуда, дар онҳо масоили зайл: корбурди луғоти ҳаммаъно, сермаъно, қайдҳои забоншиносии аз ҷониби аҳли илму адаби гузашта иншогардида, ҷозибаҳои забонии бархе аз осори ниёгон баррасӣ гардида, мақому мавқеи бархе аз аҳли илму адаби асримиёнагӣ ва даврони шӯравӣ дар такмили таркиби луғавии забони тоҷикӣ инъикос шудааст. Ҳамчунин муаллиф роҷеъ ба лаҳҷашиносии таърихиву муосир, ҳусни сухани тоҷикӣ, масоили истилоҳот ва ҷойвожаҳо, равобити забонҳои хешу ғайрихеш, сарнавишти иддае аз вожаву ифодаҳои аслии тоҷикӣ ва вомвожаҳо андешаронӣ кардааст.
Китоби “Равзанаи хирад” натиҷаҳои ҷусторҳои илмии доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад мебошад, ки соли 2016 бо ҳаҷми 760 саҳифа мунташир шудааст. Маҷмӯаи мақолаҳо фарогири як давраи тӯлонии адабиётшино-сии тоҷик мебошад. Нигоштаҳои муаллиф дар шинохт ва маърифати адабиёт, инъикоси таҳаввулоти адабӣ ва робитаҳои адабӣ, густариши адабиётшиносӣ ва суханшиносии тоҷик арзишманд аст. Аз ҷониби дигар, маҷмӯи нигоштаҳои муаллиф маҳсули як мактаби бузурги адабист, ки дар пашшаи он метавон дар густариши минбаъдаи суханшиносӣ корҳои шоиста ва муассирро ба анҷом расонид. Китоб барои мутахассисони соҳа ва ихлосмандон каломи бадеъ нигаронда шудааст.
Маводи ёрирасони таълимӣ бо номи “Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ” дар ҳаҷми 240 саҳифа аз тарафи донишҷӯи ихтисоси Муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ Эргашев З.Р. гирдоварӣ шуда, соли 2017 нашр шудааст. Дар ин дастур маълумоти мухтасар доир ба созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкории онҳо бо Тоҷикистон оварда шудааст. Он ҳамчун маводи ёрирасон ба донишҷӯёни ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсатшиносиву минтақашиносӣ ва кулли иштиёқмандон тавсия мегардад.
Китоби «Анису-н-нос»-и Шуҷои Шерозӣ дар таҳия, тавзеҳ ва пешгуфтори корманди МД “Марказии илмии Камоли Хуҷандӣ” Юсупов Зоҳирҷон соли 2018 нашр шудааст. Ин китоб аз зумраи беҳтарин китобҳои ахлоқиест, ки дар пайравӣ ба «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ба қалам омада, то ҳол дар адабиётшиносии тоҷик муаррифӣ нашудааст. Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургони Шарқ буда, намунаи насри зебои асри XV низ ҳаст.
“Масҷидҳои Хуҷанд” рисолаи Хоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода буда, соли 2017 дар ҳаҷми 204 саҳифа ба табъ расидааст. Дар ин рисола таърихи масҷиди ҷомеи Шайх Маслиҳатдин ва дигар масҷидҳои шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Баъди ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон ва инчунин дар шаҳри Хуҷанд низ мардум ба эҳёи обидаҳои таърихӣ рӯй оварданд. Дар ин рисола то андозае кӯшиш ба харҷ дода шудааст, то дар бораи барқарорсозандагони масҷидҳо ва бунёдкорони масҷидҳои нав маълумот дода шавад. Китоб ба кулли дӯстдорони таърих, фарҳанги динӣ ва маърифати исломӣ манзур мегардад.
Маводи конфронси илмӣ - амалии умумидонишгоҳии “Масъалаи рушди илми психология дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” бахшида ба 85-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 70-солагии дотсент Ҳакимова Мунаввара Бақоевна дар ҳаҷми 452 саҳифа соли 2018 ба нашр расидааст. Дар ин маҷмӯа мақолаҳои устодони факултети педагогии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” гирдоварӣ шудааст.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ