Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ СОМОНИЁН ДАР КИТОБҲО/13.02.2019

ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ СОМОНИЁН ДАР КИТОБҲО

Соли 1999 сокинони кишвар таҳти роҳбарии ҳукумати Тоҷикистон 1110-солагии таъсисёбии давлати Сомониёнро дар сатҳи ниҳоят баланд таҷлил карданд. Имсол аз ин санаи ҳумоюнӣ даҳ сол сипарӣ шудааст, яъне 1120 сол пеш дар харитаи асрҳои миёна давлати Сомониён ба вуҷуд омад, ки асосгузори он Исмоили Сомонӣ буд. Ба ин муносибат дар шуъбаи дасхатҳо ва нашрияҳои нодир китобҳои дар бораи таърихи давлатдории Сомониён таълифшуда мавриди бозрасиву бознамоӣ қарор дода шуд. Китобдорони шуъба барои хонандагони доимӣ китобҳоро аз шуъбаҳои дастхатҳо, хизматрасонӣ,  толори хониш ва маълумотдиҳӣ-библиографӣ дастрас намуда, дар бораи онҳо ба таври фишурда маълумот доданд. Илова бар китоби “Тоҷикон”(бо хатти форсӣ) ва қомуси дуҷилдаи “Донишномаи Сомониён” асарҳои зерин муҳимтарин сарчашмаҳои илмии омӯзиши таърихи ҳаматарафаи таъсисёбӣ, рушду таназзули давлати Сомониён мебошанд, ки писанди хонандагон омаданд:

ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ СОМОНИЁН ДАР КИТОБҲО

Абдуллоев С. Амирони сомонӣ[Матн] / С.Абдуллоев.–М.: Воениздат, 1999.– 630с.

Абдуллоев С. Исмоили Сомонӣ [Матн] /С.Абдуллоев. Нашри 2-юм бо такмилу иловаҳо.–Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1998.– 430с.

Абдуллоев С. Фарҳанги Сомониён. [Матн] /С. Абдуллоев.–М.: Воениздат, 2003.–600с.

Неъматов Н. Давлати Сомониён [Матн]  /Н.Нематов.–Душанбе: Ирфон, 1989.–304 с.

Исомаддинов Ҷ. Таърихи халқи тоҷик дар ҷадвалу схемаҳо [Матн]  / Ҷ.Исомаддинов.– Хуҷанд: Вароруд, 1998.–104с.

Ноҷӣ М. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён [Матн] Баргардон: Луқмон Бойматов / М.Ноҷӣ.–Душанбе: Эр-Граф, 2011.–1209 c.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ