ҲАДЯ БА ХОНАНДАИ ОЯНДА / 29.01.2019
Китобхонаҳо ганҷинаи миллии қавму халқҳои олам буда, фарҳангу таърихро аз як насл ба насл интиқол медиҳанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид кардаанд: «Мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин, ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд».
Имрӯз ҷомеаи башарӣ, хусусан қишри наврасу ҷавон ба имкониятҳои технологии пешрафта: комютер, интернет, китобу нашрияҳои элктронӣ.., маљмӯан ба фарҳанги нав – фарҳанги электронӣ ё рақамӣ рӯ оварда истодаанд. Ин тамоюл дар ҷомеа аз диди соҳаи китобдорӣ ду паҳлӯ дорад: мусбат ва манфӣ. Ҷанбаи мусбаташ ин ки мо таърихи миллатамонро, ки тӯли асрҳо дар маводи чопӣ инъикос ёфтаанд, бо истифода аз имкониятҳои технологӣ метавонем дар паҳнои васеи ҷаҳон бо суръати баланд ва таъсирнокии зиёд нашр намоем. Ҷанбаи манфиаш ин ки муносибати ҷомеа, хусусан насли наврасу ҷавон ба китоби коғазӣ тағйир ёфта истодааст. Онҳо бештар аз китобҳо ва нашрияҳои электронӣ истифода бурданро афзал мешуморанд. Ин дид сабаб шудааст, ки онҳо ба таъсисдиҳии китобхонаҳои электронии шахсӣ рӯ оварда, вуҷуди табиии китобҳо ва сарчашмаҳои иттилоотро барои худ ҳатмӣ намешуморанд. Китобҳои электронӣ аз рӯйи мавҷудият, нарх ва баъзе омилҳо асл ҳисобида намешаванд. Онҳоро ба истилоҳи нав гунаи маҷозии китобҳо – китоби маҷозӣ (виртуалӣ) мегӯянд, ки дар шароити махсус мавриди истифодабарӣ ва ҳифзу интиқол қарор мегиранд ва хатари нобудшавии онҳо бештар аз китобҳои коғазӣ аст. Аммо аксар насли наврасу ҷавон ба ин паҳлӯи масъала диққат зоҳир намекунанд. Чунин нуқтаи назару муносибат сабаб шудааст, ки аксари меросбарон китобҳои бобою бибӣ, падару модар ва хешу ақрабои худро дар хона нигоҳдорӣ накарда, бидуни муайянсозии мазмуну мундариҷа ва арзиши таърихиашон ё бо нархи коғаз мефурӯшанд, ё ба ихтиёри касоне мегузоранд, ки беаҳамиятиву бепарвоии онҳо сабаби нобудшавӣ мегардад. Инро дар мисоли дастхату китобҳои чопи сангии “гӯронидашуда” ва дар қабати девори хонаҳо мондаву маҳвгашта метавон исбот кард.
Тайи дањсолаи охир чунин тағйирёбии вазъи фарҳангии ҷомеа–воридшавӣ ба фарҳанги электронӣ, бепарвоии аксар насли нав дар муносибат бо китобҳои коғазӣ китобдорон–ганҷинадоронро ба ташвиш овардааст. Бо мақсади ҳифзи китобҳои коғазӣ ва ба хонандаи оянда интиқол додани онҳо Китобхонаи вилоятӣ аксияи “Ҳадя ба хонандаи оянда”-ро ба таври доимӣ эълон кардааст. Илова бар ин, китобдорон берун аз китобхона низ байни ҷомеа дар ин самт корҳои таблиғу ташвиқ бурда истодаанд. Аз ин рӯ, ҳамасола ба китобхона аз аҳолӣ, хусусан зиёиёну фарҳангиён китобҳо ба таври ройгон ба махзани китобхона ворид мегарданд. Рӯзи 25-уми январ собиқ корманди ҳизбӣ, зиёии китобдӯсту фарҳангпарвар, муаллифи китобҳои “Садои дил” (2011) ва “Каъбаи мақсуду меҳр”(2013) Расулов Абдушукур аз китобхонаи шахсияш 90 нусха китобро оварда, ба хонандаи оянда ҳадя кард. Ин мӯйсафеди нуронии 85-сола, пири хирад, ки талху ширини рӯзгор чашидаасту дар ду давраи таърихӣ кор ва зиндагӣ кардаву имрӯз даврони солорӣ меронад, дар суҳбат бо китобдорон иқдоми “Ҳадя ба хонандаи оянда”-ро дастгирӣ кардааст. Китобдорон ҳам ба ин инсони хайрхоҳи ҷомеа ва ояндабин аз Соли китоб эълоншавии соли 2019 дар ҳудуди кишварҳои ИДМ хабар дода, ба ӯ миннатдории ҳамаи китобдорону китобхонҳоро расонданд.
Бояд ёдовар шуд, ки китобҳои мазкури Расулов Абдушукур дар китобхона ва мавҷуд аст ва аз китобхонаи серхонандаву пургардиш ба шумор меравад.
ПОРЧА АЗ НАВИШТАҲОИ РАСУЛОВ АБДУШУКУР
(вазъи чойхонаҳои шаҳри Хуҷанд дар аввали нимаи дуюми асри ХХ)
...Аз ибтидои соли 1961 миқдори радиоприёмникҳою магнитофонҳою телевизорҳо бо суръати ниҳоят тез ба афзудан сар карданд. Дар ин давр ҳамаи манзилгоҳҳои шаҳр бо қувваи барқ таъмин шуда буданд. Дар бисёрии хонаҳо таомҳоро акнун бо воситаи плитаҳои барқӣ тайёр мекарданд, чойҷӯшонӣ ҳам аксар вақт бо қувваи барқ буд. Дар маҳаллаҳо мавқеи чойхонаҳо тадриҷан паст ва теъдоди мизоҷон торафт кам мешуданд. Ба қавле одамон “хонагӣ” шуданд. Дар омади гап гӯям, ки ин раванд ба барҳам хӯрдани чойхонаҳо дар як қатор маҳалла оварда расонд. Ба ҳавлиҳо қубурҳои об гузаронида шуданд. Чойхонаҳо, ки асосан дар гирду атрофи ҳавз ҷойгир буданду чойхоначиҳо ба “обу тоби” ҳавзҳо назорат мекарданд, баробари барҳам хӯрдани чойхонаҳо обҳои аксарияти ҳавзҳо пажмурда шуда монданд. Ба болои ин, сокинони маҳалла ба оби ҳавз эҳтиёҷ надоштанд. Аммо нигоҳ доштани ҳавзҳо дар маҳаллаҳо ҳамчун обанбор барои пешгирии ҳодисаҳои ногаҳонӣ лозим буд...
Нақли мазкур дар китоби “Каъбаи мақсуду меҳр”(2013, Хуросон) саҳифаи 78 дарҷ шудааст, ки ба давраи чойхонадории падари муаллиф иртибот дорад. Хонандагон асари мазкурро аз китобхона пайдо карда метавонанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ