РИСОЛА ДАР ТАҲҚИҚИ АМСОЛУ ҲИКАМИ АРАБӢ / 02.02.2019
Зарбулмасалу мақолҳоро халқҳои олам дар гуфтугӯ бисёр истифода мебаранд. Зеро бо корбурди бамавқеи ин навъи сухан таъсиррасонӣ ба ҳамдигар хеле осонтар ва бонатиҷатар аст. Забони арабӣ аз ҳар ҷиҳат, хусусан амсолу ҳикам аз ғанитарин забонҳои олам ба шумор меравад. Таҳқиқи забону адабиёти Араб дар Тоҷикистон собиқаи зиёда аз нимасра дошта, дар ин самт асарҳои илмӣ-тадқиқии зиёде ба қалам омадаанд. Яке аз рисолаҳои тозанашр бо номи “Ҷамҳарату-л-амсол”-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ ва аҳамияти адабиву бадеии он”, ки аз тарафи номзади илмҳои филологӣ Умед Мақсудов соли гузашта ба чоп расидааст, дар ҳамин радиф мебошад. Номбурда аз ҷавонони донишманду забондони парвардаи факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров аст, ки рисолаи номзадияшро таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ғаффорова Умеда ҳанӯз соли 2012 дифоъ намудааст.
Рисолаи мазкур аз муқаддима се боб, даҳ фасл ва хулосаю китобнома, феҳристи ашхос, осори илмӣ-таҳқиқӣ ва истилоҳоту номҳои ҷуғрофӣ, се замима иборат буда, дар ҳаҷми 230 саҳифа тавассути нашриёти “Андеша”-и шаҳри Хуҷанд ба чоп расидааст.
Боби аввал “Аҳвол ва осори Абӯҳилол ал-Аскарӣ” ном дошта, дар он “Мухтасари зиндагинома” ва “Осори илмӣ-адабӣ” мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.
Боби дуюм – “Абӯҳилол ал-Аскарӣ ва анъанаи таълифи фарҳангҳои амсолу ҳикам дар адабиёти араб ва форсу тоҷик” фарогири масъалаҳои “Гирдоварии фарҳангҳои амсол ва ҳикам то давраи Абӯҳилол ал-Аскарӣ” (фасли 1), “Аҳамияти «Ҷамҳарату-л-амсол» дар таҳаввули минбаъдаи фарҳангҳои амсол ва ҳиками арабӣ, то қарни XIV” (фасли дуюм), “Таъсири «Ҷамҳарату-л-амсол» дар тадвини фарҳангҳои зарбулмасал ва мақоли форсу тоҷик” (фасли сеюм) аст.
Дар боби сеюм – “Хусусиятҳои адабӣ ва бадеии «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ” масъалаҳои “Сохтор ва муҳтавои «Ҷамҳарату-л-амсол»-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ” (фасли 1), “Забон ва шеваи баён” (фасли 2), “Санъатҳои бадеӣ" (фасли 3), “Истилоҳоти тародуф ва мутародиф аз нигоҳи Абӯҳилол ал-Аскарӣ” (фасли 4), “Истифодаи оёту аҳодис, ашъори арабӣ ва қиссаву ривоёт” (фасли 5) аз тарафи муаллиф баррасӣ шудаанд.
Муаллиф дар замимаҳо намунаи ашъору асмоли Абӯҳилоли Аскариро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардааст.
Намуна аз муқаддимаи рисолаи “Ҷамҳарату-л-асмол”-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ ва аҳамияти адабиву бадеии он”
Абӯҳилол ал-Аскарӣ аз зумраи мунаққидони фарҳехтаи адабиёти араб, шоир ва суханшиноси маъруфи асри X мебошад. Осори пурмуҳтавои Абӯҳилол ал-Аскарӣ фарогири илмҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва улуми динӣ буда, дар ривоҷи онҳо саҳми чашмгир доранд. Аз вай то рӯзгори мо осори зиёде боқӣ монда, ки яке аз арзишмандтарини онҳо «Ҷамҳарату-л-амсол» мебошад.
«Ҷамҳарату-л-амсол» яке аз фарҳангҳои барҷаста дар миёни фарҳангҳои амсол ва ҳиками арабӣ ба ҳисоб рафта, дар такя ба анъанаи гирдоварии фарҳангҳои арабӣ ба қалам омадааст ва он сабку услуби хосеро соҳиб аст. Бояд гуфт, ки вежагиҳои адабиву услубии асар то ба имрӯз дар адабиётшиносии форсу тоҷик мавриди тадқиқу баррасии муҳаққиқон қарор нагирифтааст...
Намуна аз амсолу ҳиками
“Ҷамҳарату-л-асмол”-и Абӯҳилол ал-Аскарӣ
дар тарҷумаи Мақсудов Умед
Ҳирси мардон боиси ҳалокати онҳост.
Пояи дурандешӣ маслиҳат аст.
Бе шубҳа мард пиру оҷиз мешавад.
Ҳусн бадбахтиҳо дорад.
Орзу сармояи муфлисон аст.
Асоси дин тақво аст.
Мардуми пайрави чирашудагон ва пирӯзиёфтагонанд.
Чӣ басо хомӯшӣ, ки расотар аз гуфтор аст.
Дасти боло беҳ аз дасти поён.
Розигии халқ – ҳадафи дастнорас.
Бадбахтии мардум аз нодонӣ аст.
Мусибат аз забон бармехезад.
Бисёр гӯӣ, бисёр хато мекунӣ.
Ҳақ пойдор асту дурӯғ ноустувор.
Оҳанро бо оҳан мекӯбанд.
Ё ба шоҳ ҳамсоя бош, ё ба баҳр.
Инсон бо дӯст дорост.
***
Рисолаи мазкурро донишҷӯёну муҳаққиқон аз шуъбаи толори хониши Китобхонаи вилоятӣ дастрас ва мутолиа карда метавонанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ