РОЙГОН ВОРИДШАВИИ 170 НУСХА – 49 НОМГӮ КИТОБУ МАҶАЛЛА: Ҳамкории судманди Китобхонаи вилоятӣ бо ПИТФИ / 27.08.2018
Чи тавре дар навиди “Ҳадя аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанг” (Ниг: Навид аз 02.08.2018) иттиллоъ додем, ду нафар аз кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги кишвар дар Китобхонаи вилоятӣ ва нашриётҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба гирдоварии маводи соҳаи китобдорӣ машғул буданд. Роҷеъ ба муносибати самимонаи касбии яке аз онҳо Моҳира Акобирова – китобшиноси ботаҷрибаю маъруф барои китобдорони ҷумҳурӣ ва мазмуни соядасти дӯстонаи вай дар варақи китоби ҳадяшуда библиографҳои Китобхонаи вилоятӣ дар номаи миннатдорияшон бо номи “Бухоро – Душанбе – Хуҷанд: Сарнавишти китоб ва муҳаббати китобдор” ибрози назар намуданд. Аз навиштаи онҳо бармеояд, ки мавсуфро ҳамчун ҳамкасби муҳаққиқ ва соҳибтаҷриба эътироф карда, фаъолияти ӯро дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба манфиати китобшиносон ва рушди соҳаи библиографияи миллӣ медонанд.
Оре, фаъолият дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ки онро олими соҳаи библиография, китобшиноси варзида, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода аз соли 2015 инҷониб роҳбарӣ мекунад, барои китобдорону китобшиносон мояи ифтихор аст. Ӯ баъди фаъолияти таълимӣ-илмӣ ва таҷрибаомӯзии кофӣ (1981-1999) солҳои дар вазифаҳои раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999-2001), сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (2003-2011), муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (2011-2015) кор кардан аз фаъолияти тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ огоҳии комил пайдо кард ва дар бораи дастоварду камбудҳои китобдорон мақолаҳою китобҳо навишт, хулоса, ҷилави соҳаи китобшиносӣ, китобхонашиносии миллии тоҷикро дар даврони Истиқлолият ба даст гирифта тавонист. Ин инсони воқеан шариф аз ғамхорони соҳаи китобдорӣ, хусусан самти библиографияшиносӣ мебошад.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода борҳо ба Китобхонаи вилоятӣ ташриф оварда, дар баргузории семинару озмунҳо, такмили ихтисоси соҳаи китобдорӣ ширкат намуда, ба фаъолияти китобдорони ин муассисаи фарҳангӣ баҳои баланд додааст. Чун аз ташкилёбии Толори китобшиносӣ ва китобхонашиносии Китобхонаи вилоятӣ огоҳӣ пайдо кард, ваъда дод, ки барои ғанӣ гардондани махзани китобии он ёрӣ мерасонад.
Санаи 25-уми август аз ҳисоби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот 70 шумораи маҷаллаи “Китобдор”, 12 шумораи “Паёмномаи фарҳанг”, 39 номгӯ ба теъдоди 86 нусха китоби сермуроҷиати библиографӣ, 1 нусха “Номинатсияи “Наврӯз”(аз силсилаи Номинатсияи фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон дар рӯйхати ЮНЕСКО. Шумораи 1), 1 нусха “Номинатсияи “Оши палав” (аз силсилаи Номинатсияи фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон дар рӯйхати ЮНЕСКО. Шумораи 2) маҷмӯан 49 номгӯ ба теъдоди 170 нусха китобу маҷаллаҳои соҳавӣ ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ, бештар ба махзани китобии Толори китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ ва шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ба тариқи ройгон ворид гардид. Алҳол китобҳои воридшуда дар шуъбаи пуррасозии махзан мавриди коркард қарор дорад. Аз миёни китобҳои воридшуда 46 номгӯ китоби “Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” низ ворид гардид, ки ба китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят дастрас карда мешавад.
Директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсиадов ва тамоми китобдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҳамкории судманд ва дастгирии самимонаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода қаноатманд буда, дар шахси ин инсони наҷиб ба муҳаққиқону пажӯҳишгарони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот изҳори миннатдорӣ баён менамоянд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ