Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

ҲАДЯ АЗ ПАЖӮҲИШГОҲИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТ / 02.08.2018

Фаъолияти китобдорӣ дар ТоҷикистонПажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва итиллот дар назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолият мебарад. Олимону муҳаққиқони ин пажӯҳишгоҳ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ, таҳқиқотҳои сотсиологӣ машғул шуда, раванди ташаккули зерсоҳаҳои фарҳанг ва итиллоти кишвар, аз ҷумла китобдориро мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор медиҳанд. Самараи заҳмату талошҳои онҳо дар сурати мақолаҳои илмӣ, китобҳои таҳқиқотии алоҳида ва дастаҷамъона ба нашр мерасад.

Натиҷаи фаъолияти солонаи онҳоро олим ва китобшинос Шариф Комилзода дар силсилаи библиографии «Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷӯйҳои илмӣ(дастовардҳои Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва итиллот)» ба нашр мерасонад. Шумораи якуми ин маводи китобшиносӣ фарогири дастовардҳои Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот  дар соли 2016 мебошад, ки соли 2017 нашр шудааст ва шумораи дуюми он шомили феҳристи дастовардҳои пажӯҳишгоҳ дар соли 2017 аст, ки соли 2018 аз чоп баромадааст.

Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷӯйҳои илмӣ

Китоби  шашум аз силсилаи «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон», ки фарогири мақолаҳои илмии китобшиносону муҳаққиқони соҳаи китобдорӣ аст, бо таҳия ва пешгуфтори Қурбоналӣ Бӯриев дар ҳаҷми 640 саҳифа аз тарафи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот тавассути нашриёти «Аржанг»-и шаҳри Душанбе соли 2017 ба нашр расидааст. Дар ин маҷмӯа мақолаҳои китобшиносон Ш.Комилзода, С.Шосаидзода, Б.Холов, Г.Маҳмудов, Б.Боев, З.Муҳиддинов ва дигаронро, ки ба масъалаҳои инноватикаи китобдорӣ, татбиқи равандҳои инноватсионӣ, бунёди китобхонаҳои электронӣ, истифодаи технологияи мусоир дар фаъолияти китобхонаҳо ва дигар мавзӯъҳо бахшида шудаанд, метавон мутолиа кард. Ин маҷмӯа барои китобдорон ва китобшиносони китобхонаҳои оммавӣ ва илмии ҷумҳурӣ баҳри аз худ кардани нозукиҳои соҳаи китобдорӣ ва дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи замон  ба роҳ мондани хизматрасонӣ маводи судманд мебошад.

Китоби дигар, ки «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» ном дорад, аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот соли 2017 дар ҳаҷми 280 саҳифа дар сатҳу сифати ниҳоят баланд чоп шудааст. Ин китоб бо пешгуфтори Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз мешавад. Китобро мувоини директори пажӯҳишгоҳ фолклоршинос Дилшод Раҳимов тартиб додааст. Дар он оид ба 515 унсури фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон маълумоти мухтасар бо аксҳои ҷолиб дода шудааст. Китоб ранга буда, аз ҳафт бахши зерин иборат аст: «Аънанаҳои шифоҳӣ», «Санъати иҷроӣ», «Ҷашну маросимҳои мавсимӣ ва тақвимӣ», «Донишҳои суннатӣ ва таҷрибаҳои иҷтимоӣ», «Касбу ҳунарҳои аъанавӣ», «Хӯрокҳои суннатӣ», «Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона».

Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷӯйҳои илмӣДар таҳияи маводи ҳар як бахши китоб муҳаққиқони фолклоршинос А.Аминов, М. Ниёзова, Д. Раҳимов, А.Зубайдов, Н.Қличева, Х.Низомов, З.Холмуродов, Л. Носирова саҳми худро гузоштаанд. Аксҳои ин китоби ранга аз бойгонии суратгирҳо ва фолкоршиносон Заур Дахте, З. Холмуродов, А. Аминов, Д. Раҳимов, А. Абдуллоев вориди китоб шудаанд. Китоб барои дӯстдорони фарҳанги миллии ғайримоддӣ раҳнамои хуб буда, аз он устодону омӯзгорони донишкада ва омӯзишгоҳҳои санъат дар раванди таълим самаранок истифода бурда метавонанд.

Китобҳои мазкурро ходимони илмии пажӯҳишгоҳ Акобирова Моҳира ва Раҳмонова Гулнора, ки таи чанд рӯз дар Китобхонаи вилоятӣ ба гирдоварии мавод машғул шуданд, бо худ барои хонандагон ба ҳадя оварданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ